Раиси вилояти Суғд ба таъмири яке аз театрҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ кӯмак мерасонад

            Конибодом. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дирӯз ба ноҳияи Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои таъмир дар пойгоҳи обкашии Ҷигадалик ва рафти киштукори баҳорӣ дар ноҳия шинос шуд.   Ӯ ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз муассисаҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои ба номи Лоҳутӣ ва Ҳамробоев аз наздик ошно […]

Акмал Алиев



           

Конибодом. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дирӯз ба ноҳияи Конибодом сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои таъмир дар пойгоҳи обкашии Ҷигадалик ва рафти киштукори баҳорӣ дар ноҳия шинос шуд.

 

Ӯ ҳамчунин бо фаъолияти чанде аз муассисаҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои ба номи Лоҳутӣ ва Ҳамробоев аз наздик ошно гардида, бо фаъолони ноҳия ҷаласа доир сохт.





           

Қ.Расулзода фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати андешидани чораҳои таъҷилӣ баҳри таъмини муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, дубора барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмони мактабҳои нав, корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, гармхонаҳо ва дигар иншооти таъиноти фарҳангиву маишӣ ба мақомоти дахлдор супоришоти мушаххас дод.




           

Раиси вилоят мақомоти марбутаи ҳукумати вилоятро вазифадор кард, ки барои ҷудо кардани маблағ ҷиҳати таъмири асосии театри мусиқӣ ва драмавии шаҳри Конибодом нақшаи хароҷоти онро тахия созанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.