Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор гардида, дар он масоили омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншшоти мактаби рақами 47 барои 624 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Лучоб, маҷмааи 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маркази замонавии хизматгузорӣ дар пойтахт, таъмини сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак бо манзили зист дар хонаи истиқоматии 9-ошёнаи хиёбони саъдии Шерозӣ ва дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, барои хунукназарӣ зоҳир сохтан дар иҷрои вазифа ба муовини раиси шаҳри Душанбе С.Раҳимова, сардори раёсати маорифи шаҳр Ш.Исломов, раиси кумитаи омори мақомоти шаҳрдории пойтахт А.Насриддинов ва мудири шӯъбаи умумӣ ва хадамоти ташрифоти раиси шаҳр А.Шарипов танбеҳ эълон гардида, роҳбари раёсати заминсозии пойтахт А.Отабеков аз мансаб сабукдӯш карда шуд.