Бонки миллӣ гуфт, талош дорад се бонки Тоҷикистонро аз зери таҳрими Иттиҳоди Аврупо раҳо кунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти бахши молияи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои аз зери таҳрим хориҷ намудани се бонки тиҷоратии Тоҷикистон гуфтушунид доштаанд. Се бонки кишвар тирамоҳи соли гузашта зери таҳрими ИА афтоданд.

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) зимни нишасти матбуоти ахираш гуфт, бо ин мақсад гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст.

“Бо сохторҳои дахлдори Иттиҳоди Аврупо гуфтушунидҳо ҷараён доранд”, -зикр кард ӯ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи корӣ аллакай якчанд вохӯрӣ гузаронидааст. Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо шахси ваколатдоре таъин шудааст, ки ин масъала бо ӯ баррасӣ мешавад.

“Кор дар ин самт идома дорад”, – илова кард Толибзода.

Раиси БМТ таъкид дошт, ки бонкҳои кишвар низоми назоратро тақвият медиҳанд. Ҳамчунин, ба қавли ӯ, дар БМТ барои такмили қонунгузории бонкӣ бо мақсади ба ҳадди поинтарин овардани хавфҳои зери таҳрим қарор гирифтани бонкҳо, корҳо ҷараён доранд.

Толибзода эътироф кард, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешида, таҳримҳо ба ин ё он гунае ба фаъолияти бонкҳои зери онҳо қарордошта таъсири манфӣ мерасонанд.

 

Бонкҳои Тоҷикистон чӣ гуна зери таҳримҳои ИА қарор гирифтанд?

Таҳримҳо нисбати се бонки Тоҷикистон дар доираи маҳдудиятҳои 19-уми Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ҷорӣ шуда, аз 12 ноябри соли гузашта ба ҳукми иҷро даромаданд. ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон”, ҶСП “Спитамен Бонк” ва ҶСП “Душанбе Сити Бонк” таҳти таҳрим қарор гирифтанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таҳрими 3 бонки Тоҷикистон аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо. Масъулини ин бонкҳо мегӯянд, ба корашон таъсир намерасонад

Дар иттилоияи расмии Шӯрои ИА зикр шуда буд, ки дар таҳримҳо манъи анҷом додани амалиётҳо бо як қатор бонкҳо ва ширкатҳо аз кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳонконг ҷорӣ карда шудааст, ки тибқи арзёбии ИА, ба Русия барои канорагирӣ аз маҳдудиятҳо кумак мекунанд.

Аммо дар изҳороти расмии Иттиҳоди Аврупо ҷузъиёти ин масъала, маҳз кадом муқарраротро риоя накардан ва маблағҳо зикр намешаванд. Ба истилоҳи дигар, бонкҳо ба “нодида гирифтани таҳримҳо”, “дастгирии иқтисоди Русия” (саноати ҳарбӣ) айбдор мешаванд, вале ба таври маъмулӣ тавре ки дар таҷрибаи таҳримҳои ИА роиҷ аст, ҷузъиёташ саҳеҳ шаҳр дода нашудааст.

 

Маҳдудиятҳо дар амал чӣ маъно доранд?

Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба анҷоми ҳеҷ гуна амалиётҳо бо ташкилоту шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ надоранд. Ин маънои қатъи пардохтҳо, ғайриимкон будани кор бо ширкатҳо аз ИА, боздоштани ҳама гуна амалиёти марбут ба ИА-ро дорад.

Дар дохили Тоҷикистон кори бонкҳо бо реҷаи муқаррарӣ идома дорад: хидматрасонӣ ба суратҳисобу кортҳо, банкомат ва замимаҳои мобилӣ қатъ нашудааст. Лекин дар мавриди интиқолҳои байнулмилалӣ, бахусус дар самти Аврупо санҷишҳои иловагӣ ва тағйири расмиётҳои маъмулӣ имкон доранд.

Ҳатто агар таҳримҳо расман хусусияти “дақиқкорӣ”-ро дошта бошанд ҳам, онҳо ба таври худкор назоратро аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ ва низомҳои пардохт пурзӯр мекунанд. Ҳама гуна ниҳоди молиявии аврупоӣ ба санҷидан ва зимни зарурат қатъи амалиёти марбут ба сохторҳои зертаҳрим уҳдадор аст.

 

Вокуниши Душанбе ва худи бонкҳо

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Нигаронии ВКХ Тоҷикистон аз таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи се бонки кишвар

Баъди эълони таҳримҳо БМТ изҳор дошт, ки якҷо бо ташкилоти қарзии молиявӣ ва дигар мақомоти ваколатдор ҳолати мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва пайгирӣ қарор дода, ҷиҳати муайян намудани сабабҳо ва кам кардани эҳтимолияти пайомадҳои манфӣ бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.

Бонкҳои зери таҳрим қароргирифта ба мизоҷони худ итминон медиҳанд, ки вазъ устувор буда, тадбирҳои ҷоригардида нисбати онҳо “беасос аст”. Аз ҷумла, таъкид шуда буд, ки амалиёти дохилӣ бидуни маҳдудият иҷро шуда, аз рӯйи самтҳои ҷудогонаи байнулмилалӣ ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои ҷойгузин ҷараён дорад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз ин иқдом, зикр кард, ки ҳукумат баҳри коҳиши осеби эҳтимолӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад. Ба сурати умум, мавқеи Душанбеи расмӣ ботамкину мулоҳизакорона буд: бидуни ихтилофоти расмии ошкоро, вале бо таваҷҷуҳ ба муколама.

 

Чаро ин масъала барои низоми бонкии кишвар муҳим аст

Коршиносон зикр карда буданд, ки мушкили аслӣ барои бонкҳо дар чунин ҳолатҳо на танҳо манъи амалиёт бо ИА, балки ҳифзи обрӯву нуфуз низ ҳаст. Қарор гирифтан дар рӯйхати таҳримҳо метавонад ба шадид шудани санҷишҳо аз ҷониби шарикони баййнулмилалӣ, афзоиши хароҷот ба мутобиқат ва канда шудани робитаҳои муросилотӣ боис шавад.

Ҳатто агар кори устувори бозори дохилӣ идома ёбад ҳам, ҳисоббаробариҳои байнулмилалӣ суст ва гаронтар афтода, қисмате аз шарикони хориҷӣ бар асари хавфҳои баланд, метавонанд аз ҳамкорӣ худдорӣ кунанд.

Маҳз дар ҳамин росто гуфтушунидҳои ҳозира бо Иттиҳоди Аврупо ва талошҳо ҷиҳати мутобиқат, барои на танҳо бекор кардани маҳдудиятҳо аз бонки мушаххас, балки коҳиш додани хавфҳои дарозмуҳлат барои тамоми низоми бонкии кишвар ба назар мерасанд.

 

Маълумотномаи мухтасар дар бораи бонкҳои зери таҳрим қароргирифта

 "Коммерсбонк Тоҷикистон"

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?

Сармояи оинномавӣ — 370 млн сомонӣ. Бонк аз соли 2007 фаъолият дошта, ба рушди ҳисоббарбариҳои ғайринақдӣӣ, инчунин дастгирии тиҷорати хурду миёна таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Саҳмиядори асосӣ (93%-и саҳмияҳо) ба ширкати суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ” тааллуқ дорад.

"Спитамен Бонк"

Сармояи оинномавӣ — зиёда аз 180 млн сомонӣ. Бонк соли 2014 дар заминаи ташкилоти қарзии хурди "Спитамен Капитал” (соли 2008 таъсис дода шудааст) ба фаъолият оғоз кард. 100% саҳмияҳои онро ширкати суғуртавии “Спитамен Иншуренс” дар ихтиёр дорад

"Душанбе Сити Бонк"

Сармояи оинномавӣ — 221 млн сомонӣ. Иҷозатнома барои анҷоми амалиёти бонкиро соли 2022 дарёфт кард. Бонк дар заминаи ташкилоти қарзии хурди “Душанбе Сити”, ки аз соли 2007 фаъолият мекард, таъсис дода шудааст. Бастаи назоратии саҳмияҳо (70%) ба ширкати “Авесто Групп” таааллуқ дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.