Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи даҳ соли ахир даромади пулии аҳолии Тоҷикистон 6 баробар афзудааст. Оё ин маънои беҳбуди воқеии сатҳи зиндагии аксарияти шаҳрвандонро дорад ё танҳо рақамҳои холӣ дар ҳисоботи оморӣ ҳастанд?
Бино ба иттилои расмӣ, даромади умумии пулии аҳолӣ дар соли 2025 ба 165 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки аз омори даҳ сол пеш 6 баробар зиёд аст. Соли 2015 ин маблағ ба 26 млрд сомонӣ баробар буд.
Ҳамзамон, дар ин давра сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 32% то ба 19% коҳиш ёфтааст.
Инчунин, таъкид мешавад, ки дар натиҷаи татбиқи "Стратегияи миллии рушд то соли 2030" бояд дар панҷ соли наздик сатҳи камбизоатӣ то 10% коҳиш ёфта, ҳиссаи синфи миёна то 50% боло бурда шавад.
Барои дарки таъсири воқеии афзоиши даромадҳо ба сатҳи некӯаҳволии мардум муҳим аст донем, ки даромадҳои пулии аҳолӣ аз кадом манбаъҳо ташаккул меёбанд ва дар даҳ соли ахир чӣ гуна тағйир ёфтаанд.
Даромади пулии аҳолӣ аз чиҳо иборат аст?
Агар ба таври соддаву осон шарҳ диҳем, даромади аҳолӣ маҷмуи маблағест, ки мардум дар давоми як сол ба даст меоранд.
Манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ инҳоянд:
– музди меҳнат;
– нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ;
– даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ;
– интиқоли маблағҳо аз хориҷа;
– дигар пардохтҳо ва воридот.
Мо сарчашмаҳои асосии даромадҳои пулии сокинони Тоҷикистонро аз маълумоти расмӣ ва байнулмилалӣ мавриди таҳлил қарор дода, муқоиса кардем, ки давоми даҳ соли охир онҳо чӣ гуна тағйир ёфтаанд.
Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2025 музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар кишвар 3136 сомониро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли 2015 он ба 921 сомонӣ баробар буд ва дар ин давра 3,4 маротиба афзудааст.
Музди меҳнати ҳадди ақалл дар ин давра аз 400 ба 1000 сомонӣ (2,5 баробар) расид.
Дар охири соли 2025 маблағи миёнаи нафақа бошад 512 сомонӣ буда, аз соли 2015, ки 230 сомонӣ буд, 2,2 мартиба бештар аст.
Маблағи кумакпулӣ барои оилаҳои камбизоат аз 400 сомонӣ дар як сол (соли 2015) то 825 сомонӣ (соли 2025) афзоиш ёфт, яъне каме бештар аз ду баробар.
Бо ин ҳама манбаи калонтарини даромадҳои пулии бисёре аз сокинони кишвар ҳамоно интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ боқӣ мемонад, ки мақомоти расмӣ аз ифшои маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон ба Тоҷикистон 5,8 млрд долларро ташкил додааст. Ин маблағ дар соли 2015 тақрибан 3 млрд доллар буда, давоми нӯҳ сол 1,9 маротиба афзудааст. Маълумот барои соли 2025 ҳанӯз нашр нашудааст.
Барои дарки дурусти ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон кофист як мисол орем: Дар соли 2024 хароҷоти умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 45,5 млрд сомониро ташкил дод, ки тибқи қурби миёнаи ҳамон сол ба 4,2 млрд доллар баробар аст. Вуруди интиқоли пулии шахсони воқеӣ дар соли 2024 бошад, қариб аз се як ҳисса зиёдтар аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии ҷумҳурӣ аст.
Бояд гуфт, ки манбаъҳои дигари даромади аҳолӣ низ вуҷуд доранд, аммо онҳо ё ҳиссаи начандон назаррас доранд, ё доир ба онҳо омори мунтазам ва боз дастрас нест.
Аз ин рӯ, дар ин мавод мо танҳо маълумоти сарчашмаҳои асосиро меорем, ки маълумот дар бораи онҳо дастрас буда, имконмедиҳад вазъи умумии тағйири даромади аҳолӣ арзёбӣ шавад.
Афзоиши номиналӣ – на ҳамеша воқеӣ
Бояд донист, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои дар боло овардашуда номиналӣ мебошанд. Ба таври соддатар, ин афзоиши даромад нисбат ба нархҳои ҷорӣ ва бе назардошти гароншавии молу хидматрасониҳо дар ин давра аст.
Яъне даромади номиналӣ чӣ қадар пул гирифтани шахсро нишон медиҳад, аммо даромади воқеӣ муайян мекунад, ки бо ин пул чӣ қадар молу маҳсулот метавон харид ва аз кадом хадамот истифода бурд.
Агар музди меҳнат зиёд шуда бошаду нархҳо ҳам ҳамин қадар боло рафтаанд, пас шахс пулдортар шудааст, лекин дар амал чунин нест.

Тафовути музди меҳнат
Нишондиҳандаҳои миёна дар бораи даромадҳо танҳо тасаввури умумӣ медиҳанд ва ба саволи калидӣ посух намедиҳанд – киҳо воқеан ин афзоишро эҳсос карданд?
Барои дарки муҳимияти таъсири тағйири даромадҳо ба зиндагии мардум бояд ба ҳисоб гирифт, ки музди меҳнат миёни соҳаҳои гуногуни иқтисод ва минтақаҳои кишвар то чӣ андоза нобаробар тақсим мешавад.
Ҳатто тибқи маълумоти расмӣ, афзоиши даромадҳо хеле нобаробар буда, ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ таъсири гуногун расонидааст. Нишондиҳандаҳои миёна фарқияти ҷиддиро ҳам аз рӯйи соҳаҳои иқтисод ва ҳам минтақаҳои кишвар пинҳон мекунанд.
Бино ба маълумоти Оҷонсии омори ҷумҳурӣ, моҳи ноябри соли 2025 музди меҳнати миёнаи моҳона 3136 сомониро ташкил дод, лекин ин нишондиҳандаи “миёна” аксар вақт шартӣ аст.
Ба ин тариқ, дар соҳаҳои анъанавии иқтисод, ки қисмати назарраси аҳолӣ дар он машғули кор аст, сатҳи пардохти музди меҳнат аз сатҳи миёна ба таври назаррас пасттар аст.
Дар амал ин маъно дорад, ки кормандони бахши кишоварзӣ нисбат ба маоши миёна дар кишвар зиёда аз ду баробар камтар аст. Дар соҳаи иҷтимоӣ бошад, даромадҳо қариб ба сатҳи миёна наздиканд.
Дар ҳамин ҳол, дар соҳаҳои ҷудогонаи иқтисод маош ба таври назаррас баландтар аст.
Фарқият байни соҳаҳои каммузд ва сермузд ба 5-6 баробар мерасад, ки аз табақабандии амиқи иҷтимоӣ ва тамаркузи афзоиши даромадҳо дар шумораи маҳдуди соҳаҳо гувоҳӣ медиҳад.
Тафовути минтақавӣ низ назаррас аст. Давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2025 маоши миёнаи номиналӣ чунин буд:
Душанбе – 3588 сомонӣ;
Суғд – 2591 сомонӣ;
НБҶ – 2366 сомонӣ;
ВМКБ – 2313 сомонӣ;
Хатлон – 2238 сомонӣ.
Ба ин тариқ, фарқият миёни пойтахт ва минтақаҳои даромадашон паст бештар аз 1,5 баробар аст. Барои сокинони минтақаҳо ин маънои имкониятҳои маҳдудтар барои ҷуброни болоравии нархҳо ва коҳиши қурби пули миллиро дорад.
Дар натиҷа, болоравии маошро, пеш аз ҳама, кормандони баъзе соҳаҳои маҳдуд ва сокинони пойтахт эҳсос карданд. Барои қисмати назарраси аҳолӣ, ки дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар минтақаҳо машғули коранд, афзоиши даромадҳо на ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволӣ, балки танҳо ба қисман ҷуброни таваррум имкон дод.
Маҳз бо ин сабаб афзоиши даромади миёна дар кишвар на ҳамеша ба эҳсоси субъективии некӯаҳволии аксари шаҳрвандон мувофиқ афтода, таъсираш ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нобаробар аст.
Афзоиш аз ҳисоби манбаъҳои беруна
Омили дигари муҳиме, ки сатҳи даромадҳо дар Тоҷикистонро муайян мекунад, аммо дар изҳороти расмӣ дар бораи беҳбуди некӯаҳволӣ дарҷ намегардад, интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ мебошад.
Барои қисмати назарраси хонаводаҳо маҳз интиқоли маблағ аз хориҷа сарчашмаи калидии даромад боқӣ мемонад, ки аксаран аз маоши дохилӣ ҳам бештар аст.
Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ба 5,8 млрд доллар расид, ки ду баробар зиёдтар нисбат ба соли 2015 мебошад. Ин кишварро ба яке аз давлатҳои вобастатарин аз даромадҳои хориҷӣ дар ҷаҳон табдил медиҳад.

Миқёси ин сарчашмаи даромад бахусус ҳангоми муқоиса бо нишондиҳандаҳои молиявии дохилӣ назаррас аст. Ҳаҷми интиқоли маблағ ба хароҷоти буҷети давлатӣ баробар ва баъзан аз он зиёд аст. Амалан қисмати назарраси истеъмол дар дохили кишвар на аз ҳисоби рушди иқтисоди дохилӣ ва маҳсулнокии меҳнат, балки аз ҳисоби маблағҳои коркардаи шаҳрвандон дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, маблағҳои интиқолёфта хеле нобаробар тақсим мешаванд. Онро на ҳамаи хонаводаҳо, балки асосан оилаҳое мегиранд, ки аъзои хонаводаи онҳо дар хориҷа кор мекунанд. Барои ин оилаҳо афзоиши даромад дарвоқеъ метавонад муассир бошад ва ба осонтар ҷуброн намудани ҳолатҳои афзоиши сатҳи таваррум, беқурбшавии сомонӣ ва болоравии нархҳо имкон диҳад.
Дар ҳамин ҳол, хонаводаҳое, ки аз маблағҳои интиқолӣ маҳруманд, дар ваъияти бештар осебпазир боқӣ монда, маҷбуранд, ки танҳо ба даромадҳо дар дохили кишвар такя кунанд. Ин даромадҳо чи тавре ки дар боло зикр кардем, нобаробар афзоиш меёбанд ва бисёр вақт аз болоравии нархҳо қафо мемонанд.
Ба ин тариқ, маблағҳои интиқолёфта нишондиҳандаи миёнаи даромадҳоро таҳриф месозанд: онҳо рақамҳои умумиро зиёд карда, тасаввуроти афзоиши тезтари некӯаҳволиро ҳосил мекунанд, дар ҳоле, ки қисмати назарраси аҳолӣ ин афзоишро ё умуман, ё дар сатҳи нисбатан камтар эҳсос мекунанд.
Ғайр аз ин, интиқоли маблағҳо сарчашмаи беруна ва ноустувори даромадҳо мебошанд, ки мустақиман ба вазъи иқтисодӣ ва сиёсати муҳоҷирати дигар кишварҳо вобастаанд. Ҳама гуна тағйири ногаҳонии вазъият метавонад хеле зуд ба сатҳи даромади хонаводаҳо дар дохили кишвар таъсир расонида, чунин тарҳро дар дурнамои дарозмуҳлат осебпазир гардонад.
Дар натиҷа вазъияти зидду нақиз ба амал меояд: даромади номиналии аҳолӣ афзуда, лекин қисмати назарраси он на бо рушди дохилӣ, балки бо омилҳои беруна, ки на ҳамеша барои ҳамаи шаҳрвандон дастрас аст, таъмин карда мешавад.
Самараи таваррум
Тайи даҳ соли ахир Тоҷикистон бо сатҳҳои гуногуни таваррумро аз сар гузаронид – аз 3,5% то 9% . Бино ба маълумоти расмӣ, давоми солҳои 2015-2025 сатҳи болоравии нархҳои истеъмолӣ тариқи зайл буд:

Солҳои 2019-2021, ки мизони таваррум устуворона зиёда аз 8-9%-ро ташкил медод, душвортарин солҳо шуморида мешаванд.
Ба сурати умум, тайи солҳои 2015-2025 нархҳои истеъмолӣ дар кишвар тақрибан 1,8-2 баробар боло рафтанд.
Ин маънои онро дорад, ки молу хидматрасониҳое, ки соли 2015-ум 100 сомонӣ нарх доштанд, соли 2025 ба ҳисоби миёна аллакай 180-200 сомонӣ шуданд.
Аз ин рӯ, гарчанде маоши миёна 3,4 баробар, нафақа 2,2 баробар ва кумакпулиҳо тақрибан 2 баробар афзуда бошанд ҳам, афзоиши воқеии сатҳи зиндагӣ хеле камтар аз он аст, ки дар рӯйи коғаз менамояд.
Дар амал чунин ба назар мерасад, ки қисмати назарраси афзоиши даромадро таваррум “фурӯ бурд”: барои нафақахӯрон ва гирандагони кумакпулиҳо афзоиши даромад танҳо каме аз болоравии нархҳо пеш гузашт ё ҳатто онро пурра ҷуброн накард. Ҳатто болоравии маошҳо дар ифодаи воқеӣ бамаротиб камтар аз чандин бор аз “болоравиҳо”-и зикршуда буд.
Маҳз бо ҳамин сабаб афзоиши номиналии даромадҳои пулӣ худ ба худ ба саволи асосӣ – оё зиндагиву сатҳи некӯаҳволии аксари шаҳрвандони Тоҷикистон хубу беҳтар шуд ё не, посух намедиҳад.
Беқурбшавии сомонӣ ва вобастагӣ аз воридот
Ғайр аз таваррум барои Тоҷикистон омили дигар – қурби сомонӣ нисбат ба доллар низ муҳим аст. Ҳатто бо назардошти таваррум, афзоиши даромадҳо бо асъори миллӣ ҳоло сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолиро бозгӯ намекунад.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ба ҳолати 1-уми январи соли 2015, қурби 1 доллар нисбат ба сомонӣ 5,3 сомонӣ ва рӯзи 31-уми декабри соли 2015 – 9,25 сомониро ташкил медод.
Ба ин тариқ, дар ин солҳо асъори миллӣ тақрибан 1,7 баробар беқурб шудааст. Ин маънои онро дорад, ки қобилияти харидории даромадҳо бо сомонӣ на танҳо бар асари болоравии нархҳои дохилӣ, балки арзоншавии худи асъор низ поин рафтааст.
Бо назардошти вобастагии баланди кишвар аз воридот, ин ба гароншавии маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ. доруворӣ, техникаи маишӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар молҳо оварда мерасонад.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2025, воридот ба Тоҷикистон нисбат ба содирот аз кишвар зиёда аз 3 баробар зиёд аст: воридот – 8,3 млрд доллар ва содирот – ҳамагӣ 2,5 млрд доллар.
Чунин фарқият маънои онро дорад, ки қисмати назарраси молҳое, ки дар дохили кишвар истеъмолу истифода мешаванд, бо асъор харидорӣ шуда, мустақиман ба қурби он вобаста мебошанд.
Дар чунин шароит беқурбшавии сомонӣ ногузир дар арзиши молу маҳсулоти зерини воридшаванда таҷассум меёбад:
– маводи ғизойӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи рӯзмарра;
– сӯзишворӣ ва маҳсулоти ҳомили нерӯ (энергоносители);
– доруворӣ ва маснуоти тиббӣ;
– техникаи маишӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра.
Ҳатто вақте ки даромадҳои номиналӣ меафзоянд, қисми зиёди онҳо воқеан ба баланд кардани сатҳи зиндагӣ намерасанд, балки барои ҷуброни гароншавии ҳиссаи воридотӣ дар истеъмол равона мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, таваррум ва поинравии қурб ягона омиле нестанд, ки ба даромади воқеии пулии аҳолӣ таъсир мерасонанд. Дигар ҳолатҳо, аз ҷумла сохтори шуғл, тақсими нобаробари даромадҳо, сарбории демографӣ ба оилаҳо ва вобастагӣ ба манбаъҳои берунаи даромади пулӣ, ки на ҳама вақт дар нишондиҳандаҳои миёнаи оморӣ зикр мешаванд, низ нақши худро доранд.
Маҳз бо ҳамин сабаб зимни арзёбии некӯаҳволӣ на танҳо афзоиши номиналии даромадҳо, балки қобилияти харидории пул ва устувории вазъи иқтисодии хонаводаҳоро низ бояд ба назар гирифт.
Чаро афзоиши даромадҳо на ҳама вақт маънои беҳтар шудани сифати зиндагӣ аст
Ҳамин тариқ, ҳатто афзоиши чандинкаратаи даромадҳои номиналӣ далели беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ нест. Илова бар ин, пас аз таҳлили сарчашмаҳо, 6 баробар афзоиши даромади пулӣ зери шубҳа мемонад.
Аввал, афзоиши даромадҳо ҳам дар соҳаҳои иқтисод ва ҳам миёни минтақаҳо нобаробар аст. Қисмати зиёди аҳолӣ ба кор дар соҳаҳои маошашон паст, ки афзоиши даромад дар он танҳо қисман болоравии нархҳоро ҷуброн мекунад, идома медиҳад.
Дуюм, дар ташаккули нишондиҳандаҳои миёна интиқоли маблағ аз хориҷа нақши назаррас дорад, ки на ба ҳама дастрас аст ва ба омилҳои беруна вобаста буда, ба рушди дохилӣ рабт надорад.
Сеюм, болоравии нархҳо ва заъифшавии қурби сомонӣ қобилияти харидории даромадҳоро ба таври назаррас кам кардаанд, бахусус, дар мавриди молу маҳсулот ва хидматрасониҳо бо таркиби воридотии баланд.
Дар натиҷа, даромадҳои номиналӣ меафзоянд, аммо сифати зиндагӣ сусттар ва барои қисмате аз шаҳрвандон умуман беҳтар намешавад. Аз ин рӯ, ҳангоми арзёбии дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ на танҳо ба рақамҳи умумӣ, балки ба тағйири таъсири он ба ҳаёти рӯзмарраи мардум бояд тамаркуз кард.



