Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд

Ҷасади Дилрабо Азизбекова, зани 36-солаи тоҷикро, ки ду ҳафта пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Амрико ҷон бохт, имшаб ба ватан меоранд. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҷасади ӯро аллакай ба Тоҷикистон фиристодаанд ва интизор меравад, ки имшаб ба Душанбе расад. Ба иттилои пайвандонаш, маросими ҷаноза рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал […]

Хушнуда Дӯстова, таҷрибаомӯз дар Asia-Plus

Ҷасади Дилрабо Азизбекова, зани 36-солаи тоҷикро, ки ду ҳафта пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Амрико ҷон бохт, имшаб ба ватан меоранд. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҷасади ӯро аллакай ба Тоҷикистон фиристодаанд ва интизор меравад, ки имшаб ба Душанбе расад.

Ба иттилои пайвандонаш, маросими ҷаноза рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал дар масҷиди маъруф ба “Мехкалон” -и пойтахт хонда мешавад.

Пайвандонаш мегӯянд, се кӯдаки ноболиғи ӯ ҳоло дар Амрико буда, яке аз наздиконаш барои нигоҳубини онҳо ба ин кишвар рафтааст.

Ёдрас мешавем, ки Дилрабо Азизбековаи 36-сола рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраскаи Амрико, ҳангоми идораи мошин, ки фарзандонаш низ ҳамроҳаш буданд, ба садама дучор шуд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё  ва духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон буданд.

Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.

Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Корти сабз (Грин-корт) шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафта буд.

Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Онҳое, ҳам кам нестанд, ки бо мақсади сайёҳӣ ва меҳмонӣ ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди мо дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.