Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макота Оҷиро пас аз мулоқот бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон дар солҳои 2009-2010 барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, дастгирии буҷаи давлатӣ, соҳаи пахтакорӣ ва сохтмони роҳи мошингард аз Душанбе то марзи Қирғизистон 102 миллион доллари амрикоӣ грант ё худ кӯмаки бебозгашт пешниҳод менамояд.
М.Оҷиро гуфт, 51 млн. $ аз ин маблағ соли равон ва маблағи боқимонда соли 2010 ҷудо мегардад. Номбурда қайд кард, ки феълан дар Тоҷикистон бо маблағгузории бонк ба маблағи умумии 380 млн.
$
13 лоиҳа амалӣ мегардад.
Ба гуфтаи намояндаи БРО, зимни сӯҳбат бо президенти Тоҷикистон ҷонибҳо оид ба машварату гуфтушуниди минбаъда тавофуқ ҳосил карда, тасмим гирифтаанд, ҳарчи зудтар аз пешниҳодоти ҳукумати ҷумҳурӣ бобати андешидани чораҳои пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молӣ кишварҳои мададрасонро огаҳ намоянд, то кӯмак саривақт расонида шавад.
Маълумотнома:
Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд.


