Д.Давлатзода: ҲХДТ дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад

Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад. Дар сӯҳбати ихисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, фаъолияти номзадони ҳизб ҳам дар парлумони кишвар ва ҳам дар маҷлисҳои маҳаллиро мавриди […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсати кадрӣ аз усули «маҳалгароӣ» даст мекашад.




Дар сӯҳбати ихисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҳизб Давлаталӣ Давлатзода изҳор дошт, ки чанд рӯз қабл мақомоти раҳбарии ҳизб тасмим гирифтааст, фаъолияти номзадони ҳизб ҳам дар парлумони кишвар ва ҳам дар маҷлисҳои маҳаллиро мавриди муҳокима қарор диҳад. «То интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ як соли дигар боқӣ монд, аз ин рӯ, моро зарур аст, фаъолони ҳизбро, ки дар оянда бо онҳо кор хоҳем кард, муайян созем», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи Д.Давлатзода, дар ҳизб консепсияи нав таҳия гардидааст, ки тибқи он, аз ин ба баъд кадрҳо танҳо аз рӯи усули салоҳиятнокӣ ва касбият интихоб хоҳанд гардид. «Вақти он расидааст, ки ба воқеияти нави замона омода гардем ва масъалаи ҷобаҷогузории дурусту саҳеҳи кадрҳо аз ҳарвақта дида имрӯз муҳимтар аст», – афзуд муовини раиси ҲХДТ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат