Ба муносибати таҷлили ҷашни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузашти низомӣ дар майдон баргузор нахоҳад шуд

            Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ифтихори ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 23-уми феврал таҷлил мегардад, дар назди пояи лавҳаи ёдгории сарбозони номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гулчанбар мегузорад.             Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ифтихори ҷашни таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 23-уми феврал таҷлил мегардад, дар назди пояи лавҳаи ёдгории сарбозони номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гулчанбар мегузорад.





           

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, лавҳаи ёдгории мазкур барои 28 нафар сарбози номаълуми фавтида дар ҷанги шаҳрвандӣ дар канори шаҳри Душанбе, наздикии боғи Ғалаба воқеъ аст. «Ғайр аз ин, дар пояи лавҳаи ёдгории боғи Ғалаба низ маросими гулчанбаргузорӣ доир хоҳад гашт», – гуфт ӯ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-уми феврал дар ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона баргузор гашта, ба сарбозону афсарони муваффақ дар хизмат унвону тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд гашт.




           

Ф.Маҳмадалиев мегӯяд, чорабиниҳои асосӣ дар Кохи Борабди пойтахт баргузор шуда, дар он маҷлиси тантанавӣ ва консерти идона доир мегардад. «Ба ин муносибат гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта нашудааст», – афзуд ӯ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат