Таҷлили Наврӯзи соли равон дар Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизионии Эрон мустақиман пахш хоҳад гашт

Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии   Исломии Эрон ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомиро, ки ба Душанбе ташрифи нахустин овардааст, ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, зикр […]

root


Душанбе. 20-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии

 

Исломии Эрон ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомиро, ки ба Душанбе ташрифи нахустин овардааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомӣ ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, зикр сохт, ки ташрифи феълӣ дар таҳким ва ғановати фазои иттилоотии кишварҳо аз дастовардҳои ду мамолики дӯсту бародар такони тоза бахшида, бо ин васила имкон фароҳам хоҳад гашт, ки натиҷаи пурсамари робитаҳои дар асоси сиёсат ва барномаҳои созандаи Роҳбарони олии давлатҳо амалишаванда мавриди баҳрабардории

 

мардуми ҳамҷавор гардад.



Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

дар ин самт бо инобати воқеияту дурнамои ҳамкориҳои ҳасанаи иқтисодиву тиҷоратии гуногунҷабҳа ва робитаҳои байнипарламентии кишварҳо бо истифода аз таҷрибаву потенсиали ҳамдигар, дар заминаи фазои ҳуқуқии мавҷуда ҳамчун омили сарчашмаи таърихӣ доштаву тақозои вақт механизимҳои ҷадиди ҳамкориҳоро роҳандозӣ намоянд.



Қабл аз ҳама дар роҳи расидан ба ташаккули минтақањои озоди иқтисодӣ, ки

 

Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои нахустин мегузорад, таҷрибаи андӯхтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо усулҳои нишонрас таблғ карда шавад.



Ҷаноби Сайид Иззатуллои Зарғомӣ бо сипосмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти дӯстона зикр

 

намуд, ки Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

дар доираи ҳамкориҳои тафоҳумӣ омода аст баҳри таблиғи дастовард ва

 

ниёзмандиҳои Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии мухталиф, ки фарогири паҳлӯҳои мубрами ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакатанд, потенсиали расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар минтақа ва ҷаҳон сафарбар созад ва дар ин самт барномаҳои мушаххаси тарафҳо аллакай тарҳрезӣ гардидаанд.




 

Ҳамчун нахустин иқдом таҷлили Наврӯзи соли равон тавассути шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Эрон мустақиман пахш хоҳад гашт. Дар ин бора ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

 

Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат