Наврӯз дар тӯли таърих бо монеа ва бархӯрдҳои фарҳангии гуногун дучор омад, бо чандин дину мазҳаб рӯбарӯ шуд, нисбаташ хурдагириҳои зиёд анҷом доданд, вале билохира ҳар кадоми онҳо бо Наврӯз мувофиқа карданд ва ин ҷашн то кунун зинда монд.
Бахусус, баъди истилои сарзамини ориёӣ аз ҷониби арабҳо “Наврӯз қисмати сангинеро пушти сар гузошт”. Дар замони ҳукумати шӯравӣ низ мубориза бо расму ойин ва маросими мазҳабӣ шурӯъ шуд ва нисбат ба Наврӯз низ ба унвони як ойини мазҳабӣ рафтор мешуд. Метавон гуфт, ҳар империяе, ки ба сарзаминҳои ҳавзаи Наврӯз тасаллут пайдо кард, бо ин ҷашн “ҷангид”, вале дар ниҳоят шикаст хӯрд. Наврӯз аз байн нарафт ва шукуҳаш афзуд.
Далели “ҷанг” бо Наврӯз аз сӯи империяҳо чӣ буд? Чаро натавонистанд Наврӯзро аз байн баранд? Дар ин матлаб ин мавзуъро матраҳ кардем.

“Мубориза” бо Наврӯз баъди истилои арабҳо
Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос ва муҳаққиқи тоҷик менависад, баъди истилои сарзамини ориёӣ арабҳо Наврӯзро ҳамчун ҷашни кеши зардуштӣ дониста, ба таҷлили он иҷоза надоданд.
Ба таъкиди ин гуфта, Зоҳири Сайфулло дар пажӯҳиши худ мегӯяд, “араб бо даъвои диноварию “мусулмон” кардани “маҷусиён” сарзамини эронинажодонро ғасб кард ва кӯшид арзишҳои тоисломии ин мардум нобуд ё ба гӯшаи фаромушӣ биспурда шавад. Бахусус, ҷашнҳои бузурге мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада то ҳадде аҳаммияти худро аз даст доданд”.
Аммо замоне арабҳо сарзамини эронитаборонро ғасб карданд, аллакай Наврӯз маъруфу бузург буда, ҳатто баргузории ҷашни Наврӯз натанҳо дар шарқ, балки дар ғарби қаламрави исломӣ низ ривоҷ доштааст.
Ба қавли Зоҳири Сайфулло, “хиёнат” ба Наврӯз беш аз арабҳо, аз ҷониби фарзандони асолатбохтаи эронитабор сурат гирифтааст ва онҳо барои дар пеши халифаву намояндагони араб худро “содиқ”-у “сарсупурда” нишон додан, Наврӯзро воруна нишон додаву ҳатто роҳҳои нобуд кардани онро нишон додаанд.
Вале баъдтар ба далели ҳадяҳои беҳисоби наврӯзӣ ба баргузории ҷашни Наврӯз муқобилият накарда, таҷлили онро иҷоза додаанд.
“Бештари мадракҳои таърихӣ низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки сабаби побарҷоии ҷашни Наврўз дар дину идеологияи исломӣ аз даромадҳои беҳисоби ҳадяҳои наврўзӣ вобастагӣ доштааст. Чун бо Наврўз сари сол фаро мерасид ва барои боҷу хироҷ ғундоштан муфид буд ва ин амалкард дар қадим аз шоҳони Ориё ба мерос мондааст, арабҳо ин хусусияти Наврўзро писандиданд ва бевосита эшон ҳам ҷашн мегирифтагӣ шуданд”, – мегӯяд ӯ.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд намояндагони дину мазҳабҳо барои таҷлили Наврўз муқобилият нишон медоданд, вале ҳеҷ кадом фатвову амрҳои эшон таъсиргузор набуд ва боз ҳам ҳадяҳои наврўзӣ барои бақои Наврӯз сабаб шуданд.
Нигоҳи атеистии ҳукумати коммунистӣ дар давраи Шуравӣ
Ба навиштаи муҳаққиқон, пас тасарруфи Осиёи Марказӣ аз сӯйи Русияи подшоҳӣ ва баъдтар таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ дар нимаи дуюми солҳои бистум мубориза бо расму ойин ва маросими мазҳабӣ шурӯъ шуд ва нисбат ба Наврӯз низ ба унвони як ойини мазҳабӣ рафтор мешуд.
Дар солҳои 30-юм ва солҳои баъдӣ маҳдудият нисбат ба расму ойини динӣ бештар шуд. Маҳз ҳамин боис шуд, ки сиёсатмадорон ба Наврӯз бо назари динӣ нигаристанд, яъне ноогоҳона ба он чун соли нави мусулмонӣ назар карданд.
Равшан Раҳмонӣ мегӯяд, дар ҳар давру замон вақте як кишвар кишвари дигарро забт мекунад, хоҳ нохоҳ, сиёсати ҳамон кишварро як муддат манъ мекунад.

“Ҳукумати давраи шуравӣ – ҳукумати коммунистие, ки дар он замон буд, атеистӣ буд ва баъзе сиёсатмадорон ба Наврӯз ҳам бо нигоҳи атеистӣ нигоҳ карданд”, – мегӯяд ӯ.
Вале ба қавли ӯ, дар бораи манъ кардани ҷашни Наврӯз “фармон ё дастури вижае” набудааст ва танҳо дар байни мардум тибқи суннатҳои мардумӣ, аммо бо номҳои дигар, бидуни зикри Наврӯз, ҷашн гирифта мешуд.
Назорати манъи таҷлили Наврӯз бо усули “хона ба хона”
Ба навиштаи Варқа Ихонниёзов, доктори илмҳои филологӣ, “шуравӣ дар ибтидо ба Наврӯз назари нек дошт” ва ҳатто соли 1925 дар бораи таҷлили чанд иди динӣ ва миллӣ қарори махсус ҳам қабул шуд, ки Наврӯз низ ба он феҳрист дохил мешуд.
“Аммо аз соли 1928 таҷлили идҳои динӣ ва миллӣ зери таъқиб ва фишор қарор дода шуд. Дар расонаҳо аллакай гузоришу мақолаҳо, талабҳо ва дархостҳои манъи идҳои миллию динӣ садо додан гирифтанд”, – менависад ӯ дар асоси мадракҳо.
Ин муҳаққиқ тақвияти фаъолияти зиддинаврӯзиро бо ба майдон омадани ҳаракати “Иттиҳоди бехудоёни мубориз” марбут медонад.
Ба навиштаи ӯ, яке аз “вазифаҳои калидӣ”-и ин ҳаракат, мубориза бо расму оинҳои анъанавӣ, аз ҷумла Наврӯз ва маросимҳои он ва ҷойгузин намудани онҳо бо идҳои инқилобӣ будааст. Ҳамин тавр, соли 1929 ҳамаи идҳои миллӣ ва динӣ аз феҳристи идҳои давлатӣ ихроҷ карда шудаанд.
“Дастаҳои “Иттиҳоди бехудоёни мубориз” дар рӯзҳои ид гуруҳҳои худфаъолияти ихтиёриро сомон дода, назорати манъи Наврӯзро ҳавлӣ ба ҳавлӣ ва маҳал ба маҳал ба роҳ монданд. Дар сурати оростани ҳатто як дастархони фақиронаи наврӯзӣ аз ҷониби касе, ин дастаҳо ӯро ошкор сохта, ба маҳкамаи мардумӣ мекашиданд”, – навиштааст Варқа Ихонниёзов.
Ба иттилои номбурда, соли 1937, пас аз қабули Конститутсияи нав таҷлили ҳама гуна идҳои динӣ ва миллӣ комилан манъ шуд ва ин “манъи расмӣ” барои 20 сол эътибор дошт.
“Пас аз марги Сталин, роҳбари вақти Иттиҳоди шуравӣ, ҳамаи идҳои динӣ ва миллӣ, аз ҷумла Наврӯз, пинҳонӣ барқарор шуданд. Яъне таҷлили Наврӯз дар доираи оила дигар таъқиб намешуд”, – менависад ӯ.

Яке аз сабабҳои чунин бархӯрд бо Наврӯзро муҳаққиқ “мутобиқ сохтани баъзе идҳои миллӣ барои тарғиб ва таҳкими сиёсати давлати шуравӣ” медонад.
Аз ҷумла, ҳукумати марказӣ тасмим гирифта буд, ки ба таври санҷишӣ 6-уми марти соли 1966 ҷашни миллии русии “Маслениса”-ро зери номи “Хайрбод бо зимистони русӣ” таҷлил кунанд.
Аммо ба навиштаи ӯ, охири солҳои 60-ум Наврӯз “то андозае бо шаҳомати махсус таҷлил шуд ва ин “дилгармии ногаҳонӣ”-и роҳбарони вақтро таҳлилгарон ба сиёсати шуравӣ дар Ховари Миёна, бахусус, нисбат ба Эрон алоқаманд медонанд”.
Зеро дар он солҳо роҳбарони вақти ин ду кишвар ба мамолики ҳам сафари расмӣ ва мулоқот анҷом додаанд ва зимни он аз ҷумла мавзуи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамчун ҷашни таърихӣ таъкид гардидааст.
Дар ин росто муҳаққиқони дигари тоҷик аз талошҳои як гурӯҳ равшанфикрони ҳувияти миллидошта, аз ҷумла, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Буринисо Бердиева, Бозор Собир, Маҳмудҷон Воҳидов, ки ба муқобили ҳама он инкор ва зерипогардонии суннатҳои халқи тоҷик бархеста, барои эҳёи ҷашни Наврўз нақши бориз гузоштаанд, ёд мекунанд.

Дар натиҷаи кўшишҳо ва ҷаҳду талошҳои чунин донишварон ва оғози давраи ошкорбаёниву бозсозӣ, солҳои 1980 нахустин бор расман ҷашни Наврўзро таҷлил карданд ва баъди он ин ҷашн дубора эҳё шуд.
Охири соли 1987 қарори махсуси бюрои Кумитаи марказии Ҳизби куммунисти Тоҷикистон доир ба ҷашну маросим қабул шуда, дар он ба Наврӯз низ баҳои мусбат дода, ҷашнгирии ботантанааш дар ҷумҳурӣ таъкид шудааст.
Наврӯз ба ягон дину мазҳаб тааллуқ надорад
Ба андешаи Равшани Раҳмонӣ, онҳое, ки ба Наврӯз мухолифат карданд, дониши мазҳабии яктарафа, андешаи яктарафа доштанд ва мутаасссифона, имрӯз низ ин падида гарчанде аз ҷониби гуруҳи андак, вале вуҷуд дорад.
“Мазҳабиён, ки ба ҳукумат ва давлатдорӣ роҳ ёфтанд, Наврӯзро ба Ислом бегона дониста, муқобили таҷлили он баромаданд. Масалан, имрӯз (баъди ба сари қудрат омадани толибон) дар Афғонистон бо Наврӯз чунин бархурд мешавад. Чунин падида дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Ироқу Сурия ва муддати кутоҳе дар Туркия низ мавҷуд буд”, – мегӯяд муҳаққиқ.
Аммо он диндороне, ки дониши густардаи дунявӣ доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ муқобили таҷлили ин ҷашни бостонӣ набудаанд.
“Наврӯз на ба ягон дину мазҳаб тааллуқ дораду на ба ягон давлате дахл”, – мегӯяд Равшан Рашмонӣ ва ба андешаи ӯ далели асосии пойдории Наврӯз низ маҳз ин аст.

“Наврӯз дар рагу пайванди мардум нуҳуфтааст”
Раҳматшо Маҳмадшоев, доктори илми таърих, профессор низ дар ин маврид ба мардумӣ ва ҷузъи ҷудонопазири табиат будани ин ҷашн ишора мекунад.
“Омили асосии аз байн нарафтани Наврӯз ин дар умқи ҷомеа, дар рагу пайванди мардуми ориёӣ нуҳуфта будани анъанот, расму русум, боварҳои мардумӣ ва арзишҳои инсони комил мебошад, ки худро ҷузъи ҷудонопазири табиат медонад”, – тавзеҳ медиҳад ӯ.
Ба андешаи Зоҳири Сафулло низ Наврўз дар сарчашмаи таҳаввулоти андеша, пиндор ва гуфтори башарият қарор гирифтааст, аз ин рў, ҳеҷ кадом дину мазҳабе Наврўзро аз ҳаёти одамиён маҳв карда наметавонад.
“Наврўз чун қомуси илму хирад дар хидмати башарият будааст ва ҳамин сириштан навгарову бахшандаи бақои умри инсону табиат будан онро умри ҷовидонӣ додааст”, – мегӯяд ӯ.
Ҷонибек Асрориён, муҳаққиқ ва муаррихи тоҷик бошад, далоили аз миён нарафтани ҷашни Наврӯзро аз зовияи таърихӣ, ҳаводиси табиӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва равоншиносӣ шарҳ дод.
“Хиради чандҳазорсолаи мардуми мо Наврӯзро наҷот дод”
Ҷонибек Асрориён бар ин назар аст, ки муҳимтарин омиле, ки Наврӯзро бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо зинда нигоҳ дошт, хиради мардум буд.
“Хиради чандҳазорсолаи мардуми мо Наврӯзро наҷот дод. Араб муқовимат кард. Мегӯянд ба ҳазрати Муҳаммад (с) ё Алӣ дар арафаи Наврӯз ҳадя бурданд ва гуфтанд, ба хотири Наврӯз. Иҷоза доданд, ки бигзор ҳар рӯз Наврӯз бошад”, – мегӯяд ӯ.
Ба ҳамин васила, мардум корҳое карда тавонистанд, ки дар пойдории Наврӯз бетаъсир набудааст. Дар замони шӯравӣ бошад, вақте бо Наврӯз мухолифат карданд, мардум Наврӯзро зери дигар номҳо таҷлил мекардаанд, аз ҷумла, ба “ҷашни деҳқон”, “дарвешона”, “хонатаконӣ” барин анъанаҳо табдил дода, “русумеро анҷом медоданд, ки хоси Наврӯз буд, гарчанде номи Наврӯз набуд”.

Таҳвили сол
Наврӯз ба падидаи дақиқи илмӣ – баробаршавии шабу рӯз вобаста аст, ки дар ин лаҳза шаб ва рӯз тақрибан баробар мешаванд ва Офтоб аз хатти истиво мегузарад. Ин ҳодиса одатан 20 ё 21-уми март ба амал меояд ва оғози баҳори астрономиро нишон медиҳад, ки бо номи “таҳвили сол” маъруф аст.
Дар ҳамин лаҳза маркази Офтоб ҳангоми ҳаракати зоҳирии худ дар осмон хати истивои осмонӣ (экватори осмонӣ)-ро убур намуда, мавқеашро аз нимкураи ҷанубӣ ба нимкураи шимолӣ иваз мекунад.
Ба қавли Ҷонибек Асрориён, як бурҷ – бурҷи ҳут ба бурҷи ҳамал мегузарад.
Ин нуқтаи хос дар нуҷумшиносӣ бо номи “эътидоли баҳорӣ” маъруф буда, оғози баҳорро муайян мекунад ва ҳамин лаҳза рамзи навшавии зиндагӣ ва оғози соли нав пазируфта шудааст.
Фалсафаи некиву бадӣ
Ба андешаи Ҷонибек Асрориён, фалсафаи инсонгароӣ низ, ки дар Наврӯз таҷассум шудааст, далели дигари зинда ва пойдор мондани Наврӯз буд. Ӯ мегӯяд, инсон аз замоне ки пайдо шудааст, бештар рӯ ба рӯшноӣ ва некӣ дорад.
“Ҳарчанд дар бунёдаш корҳои зиёде аз бадӣ нуҳуфтааст, вале ба ҳар сурат мардум дар ибтидо кӯшиш мекарданд, ки ҳамеша равшанӣ ё некӣ бар бадӣ ғолиб ояд. Ин чиз дар Наврӯз таҷассум шудааст. Фалсафаи некиву бадӣ ва муқовимати рӯшноӣ бар торикӣ ин фалсафаест ки ҳамаи олимони дунё гуфтаанд.
“Наврӯз довари тамоми олам аст”
Паҳлуи дигари ҷашни Наврӯз ба масъалаҳои равоншиносӣ рабт дода мешавад.
“Масалан, гуфта мешавад, ки дар ин рӯз найшакар офарида шудааст ё ба гуфтаи Салмони Форсӣ, дар Наврӯз ёқут ва дар Меҳргон забарҷад офарида шудааст. Ин ҳама рамзҳо бештар хусусияти равонӣ доранд ва ба шуури мардум таъсир мерасонанд”, – мегӯяд Асрориён.

Яъне, ба қавли ӯ, бисёре аз расму ойинҳои Наврӯз, мисли даҳон ширин кардан, хонатаконӣ ва дигар анъанаҳо на танҳо амалҳои зоҳирӣ, балки дорои хосиятҳои равонӣ мебошанд. Мардум бовар доранд, ки ин амалҳо ба ҳолати рӯҳӣ таъсири мусбат мерасонанд, эҳсоси тозагӣ, умед ва оғози навро дар инсон тақвият медиҳанд.
“Мардум фикр мекарданд, ки Наврӯз “довари олам” аст ва ҳама корҳоро анҷом медиҳад”, – мегӯяд ӯ ва ба таъсири равонии он ишора мекунад.
Муҳаққиқ бар ин назар аст, ки вақте мардум ба ин ҳама қотеъона бовар карданд, он аз насл ба насл гузашт ва фаромӯш намешавад ва “миллион нерӯе, ки омад ва ҳар коре, ки карданд, он боқӣ монд”.
