Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Asia-Plus

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?

Тоҷикистон боз ба сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос дар тамоми ҷаҳон шомил шуд. Агар чизе иваз нашавад, то соли 2040 сатҳи ифлосии ҳаво дар Душанбе метавонад боз ҳам баландтар шавад. Дар ин бора дар “Гузориши ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳаво дар соли 2025”-и созмони байнулмилалии “IQAir зикр мешавад.

ибқи ин гузориш, Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи ифлосии ҳаво баъди Покистону Бангладеш зинаи сеюмро касб кардааст. Ин созмон соли 2025 маълумоти 9 ҳазору 446 пойгоҳи мониторинг дар 43 кишварро таҳлил кардааст, ки 12 кишвар бори аввал ба гузориш дохил шудаанд.

Ҳавои ҳамагӣ 14%-и шаҳрҳои ҷаҳон ба меъёри тавсияшудаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар бораи таркиби заррачаҳои РМ2.5 мувофиқ аст, ки ба гуфтаи ин созмон, “як соли пеш камтар буд”. Нишондиҳандаҳои ҳавои ҳамагӣ 13 кишвару қаламрав бехатаранд.

Сифати ҳаво дар асоси маълумот доир ба PM2.5 ба ҳар метри мукааб (мкг/м³) чен карда мешавад. PM2.5 ин зарраҳои сахт бо андозаи камтар аз 2,5 микрон мебошанд. Диаметри онҳо 30 маротиба хурдтар аз диаметри мўйи инсон аст. PM2.5 яке аз шаш моддаи олудакунандаи ченшавандаи ҳаво буда, барои саломатии инсон зараровар аст.

Панҷ кишваре, ки ҳавояш ифлос аст?

  • – Покистон
  • – Пангладеш;
  • – Тоҷикистон;
  • – Чад;
  • – Ҷумҳурии демократии Конго.

“Вазъро баста шудани барномаи мониторинги ҳаво дар назди сафорат ва консулгариҳои ИМА боз ҳам душвортар месозад. Дар онҳо маълумоти мустақил дар 44 кишвар дарҷ гардида, дар ҳамин ҳол, 6 давлат умуман бидуни ягон мониторинг боқӣ мондаанд”, – зикр мешавад дар гузориш.

Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои созмонҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати бади ҳаво дар кишварро эътироф намекунанд. Аз ҷумла, Баҳодур Шерализода, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нишасти матбуотии моҳи январи соли равон гуфт, “радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳавои Тоҷикистон воқеъбинона нестанд ва баъзеи онҳо манбаъи маълумот” надоранд.

Акс аз Cabar

“Масалан IQAir, радабандӣ мекунад, онҳо худашон ба фурӯши таҷҳизотҳои сифати ҳаво машғуланд ва ман фикр мекунам ширкате, ки ба фурӯши таҷҳизот машғул аст, радабандии обективӣ аз ҷониби онҳо сурат намегирад”, – гуфт Шерализода.

Бояд гуфт, “IQAir” як ширкати ҷаҳонӣ  аст, ки сифати ҳаворо назорат мекунад ва маълумоти ифлосшавии ҳаворо ба таври онлайнӣ нишон медиҳад.

Нафаскашӣ дар Душанбе душвортар мешавад

Бино ба маълумоти IQAir,  соли 2025 тамаркузи солонаи РМ2.5 дар Тоҷикистон 57,3 мкг/ м³-ро ташкил дод, ки 11,4 баробар болотар аз меъёри СҶТ аст. Ин нишондиҳанда дар соли 2023-юм 49,1 мкг/м³ буд. Яъне вазът на танҳо душвор боқӣ мемонад, балки бадтар мешавад.

Душанбе яке аз шаҳрҳои ифлостарин дар минтақа боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, сатҳи миёнаи солонаи РМ2.5 дар шаҳр тайи солҳои ахир дар сатҳи зиёда аз 50 мкг/м³ нигоҳ дошта мешавад.

Ифлосшавии ҳаво чанд сабаб дорад:

  • – 42% низоми гармидиҳӣ, ки бо ҳузум ва ангишт кор мекунад;
  • – 15% нақлиёт;
  • – 12% сӯзонидани партовҳо;
  • – 25% гарди табиӣ ва аз сохтмонҳо.

Ифлосшавии ҳаво дар Душанбе ба фасли сол вобастагии зиёд дорад. Зимистон тамаркузи заррачаҳо меафзояд, ки ба мавсими гармидиҳӣ вобаста аст. Дар ин мавсим истифодаи ангишту ҳезум барои гарм кардани хонаҳо зиёд мешавад.

Дар фасли тобистон ҳаво бештар аз гарду ғубор ифлос мешавад. Тибқи баъзе арзёбиҳо, он метавонад то 70% аз ҳаҷми умумии маводи ифлоскунандаро ташкил диҳад.

Агар чизе тағйир наёбад, бадтар мешавад

Тавре коршиносон зикр мекунанд, Тоҷикистон чанд сол аст, ки дар рӯйхати кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор дошта, тадбирҳои мавҷуда нокофианд.

Аз ҷумла, Тимур Идрисов, коршиноси ҳифзи муҳити зст мегӯяд, “на танҳо тавсеъаи шабакаҳои мушоҳида, балки бозбинии ҷиддии равишҳо ба тарҳрезӣ, самаранокии энергетикӣ ва назорати партовҳо зарур аст. Бидуни ин ҳатто маълумоти муосиртарин дар бораи сифати ҳаво наметавонанд мушкилро ҳаллу фасл кунанд.

Акс аз asia+

Сарфи назар аз босуръат бадшавии вазъи ҳаво, дар Тоҷикистон, бахусус дар Душанбе сохтмони бузургмиқёс идома дорад.

Мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин, пешниҳод мекунанд, ки низоми миллии мониторинг рушд дода шуда, дар шаҳрҳо пойгоҳҳои худкор насб ва дастрасии боз ба маълумот таъмин шавад.

Ба таъкиди онҳо, дастгирии мониторинги ҷамъиятӣ низ муҳим аст, то одамон бо вазъ дар вақти воқеӣ шинос шаванд.

Онҳо пешниҳод мекунанд,к и коҳиши партовҳоро метавон аз ҳисоби таъмиру навсозии Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва корхонаҳои саноатӣ, инчунин ҷорисозии усули “ифолоскунанда – пардохт мекунад” таъмин кард.

Ғайр аз ин, рушди нақлиёти экологии ҷамъиятӣ, зерсохтори дучархаронӣ ва минтақаҳои бидуни автомобилӣ, беҳбуди самаранокии биноҳо аз дигар пешниҳодҳои мутахассисон аст, ки онҳо стифодаи ангишт ва дигар навъҳои сӯзишворӣ дар мавсими гармидиҳӣ кам мекунад. .

Ба ғайр аз ин, тадбирҳои кабудизоркунӣ шаҳрҳо, аз ҷумла бунёди боғу гулгашт ва минтақаҳои сарсабз дар қади роҳҳо ва паҳлӯи иншооти саноатӣ низ муҳим аст.

Тибқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, агар вазъ мисли ҳозира боқӣ монад, то соли 2024 сатҳи ифлосшавии ҳаво дар Душанбе метавонад то 50% боло равад. Партови маводи асосии ифлоскунандаи SO2 ва Nox метавонанд мутаносибан 33% ва 70% афзуда, тамаркузи РМ2.5 метавонад то ба 77 мкг/м³ расад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон зикр мекунанд, ки дар сурати рӯйи даст гирифтани тадбирҳои маҷмӯавӣ, вазътро метавон ба куллӣ дигаргун кард ва ба коҳиши назарраси партовҳо даст ёфт. Албатта, танҳо дар сурате, ки агар мақомот даст ба кор шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду нафар барои аз таҳсил дур кардани фарзандонашон

Онҳо кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, тифлон чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.