Пас аз паҳн шудани хабарҳо дар бораи музокироти эҳтимолии Муҳаммадбоқир Қолибоф бо Амрико, ин суол ба миён омад, ки пас аз марги Алӣ Хоманаӣ идораи низоми Эрон дар дасти кист? Дар ин мавод мо талош кардем, ба ин савол посух ҷӯем.
Бархилофи бисёре аз низомҳои дигар, куштори раҳбар дар Эрон боиси фурӯпошии ногаҳонии низоми давлатдорӣ нашуд ва Ҷумҳурии Исломӣ ба зарбаҳои сахт тоб овард.
Дар асл, ҳоло дар ин кишвар сохторе шакл гирифтааст, ки дар он қудрат бештар низомӣ шуда, маркази тасмимгириҳо ба сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва афроди дорои собиқаи низомӣ кӯчидааст.
Низоми ҳозираи Эрон мисли шабакаи мустақил сохта шудааст, то агар як қисмаш осеб бинад, қисмҳои дигар тавонанд бидуни фармони марказӣ корашонро идома диҳанд. Ин сохтор имкон медиҳад, ки ҳатто дар сурати кушта шудани мақомҳои аршад, идораи кишвар бидуни таваққуф идома ёбад.
Дар ҳоли ҳозир, Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Шӯрои дифои кишвар нақши калидиро дар ҳамоҳангсозии умури дифоӣ ва иттилоотӣ иҷро мекунанд.
Аз назари расмӣ, Муҷтабо Хоманаӣ, писари раҳбари пешин, раҳбари нав интихоб шуда, ҷойи падарашро гирифтааст ва назорати қувваҳои мусаллаҳу ниҳодҳои калидиро дар даст дорад. Аммо дар амал, мизони қудрати воқеии ӯ норӯшан аст, зеро ӯ аз замони интихоб ба ин маснад дар мазҳари ом зоҳир нашудааст.
Ин вазъият боис шуда, ки тасмимҳои муҳими идориву ҷангӣ аз сӯи доираи васеътари фармондеҳонону мансабдорон гирифта шаванд.
Дар байни чеҳраҳои таъсиргузор Муҳаммадбоқир Қолибоф ҳамчун чеҳраи миёнарав байни низомиён, рӯҳониён ва дастгоҳи амниятӣ амал мекунад. Расонаҳои байналмилалӣ менависанд, ки нақши Қолибоф дар ҳоли ҳозир аз Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури ин кишвар бештар аст.
Нақши фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва дигар фармондеҳони низомии Эрон ҳам дар идораи кишвар бориз гуфта мешавад.
Сипоҳи посдорон ҳамеша сутуни аслии низом буд, вале замони ҷанг нуфузи он боз ҳам бештар шудааст. Ин ниҳод, ки барномаҳои мушакӣ ва амалиёти хориҷиро назорат мекунад, акнун дар қабули қарорҳои роҳбурдии ҷанг ҳарфи ниҳоиро мегӯяд. Нуфузи Сипоҳ на тавассути як шахси воҳид, балки тавассути шабакаи густурдаи афсарони аршад ва сиёсатмадорони ҳамфикр, ки дар тамоми ниҳодҳои давлатӣ ҳузур доранд, татбиқ мешавад.
Дигар чеҳраҳои калидие, ки ҷараёнҳои пушти пардаро шакл медиҳанд, иборатанд аз: Муҳсини Эжаӣ, Аҳмад Ваҳидӣ, Алӣ Абдуллоҳӣ, Исмоил Қоонӣ ва Аҳмадризо Радон.
Нақши раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён ва вазири хориҷа Аббос Ароқчӣ, ҳарчанд дар тасмимҳои роҳбурдии ҷангӣ зиёд набошад ҳам, вале дар идораи ҳукумат ва сиёсати хориҷӣ бориз арзёбӣ мешавад.
То кунун Эрон бо таъйини ҷонишинҳои сершумор барои ҳар як мақоми аршад кӯшиш кардааст, ки зарбаҳои Амрикову Исроилро беасар кунад. Бо вуҷуди он ки дар ҷараёни ҷанг чандин чеҳраи муҳим кушта шуданд, сохтори низом бо ҷойгузин кардани афроди нав тавонист идораи кишварро ҳифз кунад.
Муҳимтарин талафоти низом кушта шудани Алӣ Хоманаӣ буд, ки фавран писараш Муҷтабо Хоманаӣ ҷойгузини ӯ эълон шуд. Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ, ки чанд рӯз пеш кушта шуд, то ин дам охирин мақоми баландпояест, ки дар ҷараёни ин ҳаводис ҷон бохтааст. Кадом мансабдорон кушта шуданду киҳо ҷойгузини онҳо гаштанд, дар зер бубинед.
Барои ҷилавгирӣ аз халои қудрат, Шӯрои дифои кишвар таъсис ёфт, ки масъулияти мутамарказ кардани тасмимҳои низомиро пас аз ҳазфи чеҳраҳои калидӣ бар дӯш гирифт.
Дар маҷмӯъ, Эрон аз як низоми мутамарказ ба як шеваи идораи ҷамъӣ ва амниятӣ гузаштааст, ки дар он Сипоҳи посдорон тасмимгирандаи асосӣ дониста мешавад.
