Сафоратҳои Чин, Ҷопон, Белорус ва Ӯзбекистон “Азия-Плюс”-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик карданд

asia+

Моро ҳамоно табрик мекунанд.

Ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз ҷониби шарикону сарпарастон, ҳамкасбону кормандони пешин ва мансабдорону сафирони кишварҳои гуногун ва созмонҳои байналмилалӣ ба унвонии мо табиркоти зиёд ворид мешавад. Дирӯз, аз ҷумла, сафоратҳои Чин, Ҷопон, Ӯзбекистон ва Белорус дар Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро табрик гуфтанд.

Аз ҷумла, Кейко Фурута, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар номаи табрикии худ, сатҳи баланди ҳамкории ин ниҳоди дипломатиро бо гурӯҳи расонаҳо таъкид кард ва гуфт, ки ҷониби Ҷопон касбият ва кӯшиши рӯзноманигоронро барои инъикоси одилона ва объективии рӯйдодҳо хеле қадр мекунанд.

Ӯ таъкид кард, ки бо шарофати равиши мутавозин ва мустақили ҳайати таҳририя, сокинони кишвар дар бораи лоиҳаҳо ва ташабусҳои Ҷопон дар соҳаи рушди устувор, фарҳанг ва ҳамкории гуманитарӣ маълумот мегиранд.

“Умедворам, ки гузоришҳои шумо дар оянда ба одамон дар тамоми ҷаҳон — ҳам ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам ба хориҷиёне, ки дар кишвар зиндагӣ мекунанд, кӯмак мекунанд, то Тоҷикистон ва рӯйдодҳои ҷаҳонро амиқтар ва дақиқтар шиносанд”, — таъкид кард сафир.

Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Кейко Фурута

Кейко Фурута инчунин изҳори эътимод кард, ки ҳамкории байни сафорат ва гурӯҳи расонаҳо бомуваффақият идома хоҳад ёфт ва ин ба таҳкими ҳамкории мутақобила ва робитаҳои дӯстона байни Ҷопон ва Тоҷикистон кумак хоҳад кард.

Дар охир, ӯ ба тими “Азия-Плюс” муваффақиятҳои нав, рушд, илҳоми эҷодӣ ва дастовардҳои нави касбӣ таманно кард.

Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар Тоҷикистон низ бо ирсоли номаи табрикӣ, тими “Азия-Плюс”-ро бо 30-солагии таъсисёбиаш табрик кард.

Николай Колодкин, ваколатдори муваққатии сафорат дар паёми худ таъкид кард, ки се даҳсолаи фаъолияти “Азия-Плюс” саҳми назаррасе дар инъикоси рӯйдодҳо ва рушди фазои муосири иттилоотии Тоҷикистон гузоштааст. Таваҷҷӯҳи махсус ба инъикоси муносибатҳои Белорус ва Тоҷикистон равона карда шудааст, ки дӯстии байни мардуми ду кишварро тақвият медиҳад.

“Инъикоси объективии ҳамкориҳо ба таҳкими дӯстии байни мардуми Белорус ва Тоҷикистон мусоидат мекунад. Ман итминон дорам, ки таҷрибаи ҷамъшуда ва зарфияти баланди эҷодии расона барои манфиати ҷомеа ва ба рушди муколамаи созандаи иттилоотӣ хидмат мекунад”, — таъкид кард Николай Колодкин.

Дар номаи табрикотӣ, аҳамияти касбият ва садоқат ба анъанаҳои беҳтари рӯзноманигорӣ таъкид шуда, инчунин барои тими “Азия-Плюс” илҳоми саршор, лоиҳаҳои нав ба нав ва пайгирони бештар таманно шудааст.

Ҳамчунин, мо аз Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон паёми табрикӣ дарёфт кардем.

Дар табрикот зикр мешавад, ки “Азия-Плюс” дар тӯли се даҳсола дар рушди фазои расонаҳои миллии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, ба яке аз манбаъҳои бонуфуз ва мӯътабари иттилоот дар кишвар табдил ёфтааст. Дар паём ба касбияти баланди даста, масъулият ва садоқати онҳо ба инъикоси объективӣ таъкид шудааст, ки эътимоди аудиторияро тақвият додааст.

“Мо нақши шуморо дар ташаккули фарҳанги муколамаи ошкоро ва мубодилаи созанда махсусан қадр мекунем. Бо шарофати таҷрибаи даста, татбиқи технологияҳои муосир ва вокуниши саривақтӣ ба мушкилоти замон, “Азия-Плюс” ба як пойгоҳи муҳим барои муҳокимаи масъалаҳои муҳим табдил ёфтааст”, — гуфта мешавад дар табрикот.

Ҳамчунин, дар он аҳамияти фаъолияти гурӯҳи расонаҳоро барои таҳкими институтҳои демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва имиҷи байналмилалии кишвар таъкид шудааст.

Дар охир, барои ҳамаи кормандон рушди минбаъда, ташаббусҳои нави эҷодӣ, нигоҳ доштани мавқеи пешсаф дар байни расонаҳо, саломатӣ ва дастовардҳои касбӣ таманно кардаанд.

Го Чжисзюн, акс аз сафорати Чин дар Тоҷикистон

Ба ғайр аз ин, паёми табрикии Го Чжисзюн, сафири Чин дар Тоҷикистон ба унвонии “Азия-Плюс” расид. Дар он аз ҷумла зикр мешавад, ки 30 сол сафари пур аз дастовардҳо ва заҳмати беандоза аст. Ҳамчун як нерӯи муҳим дар паҳн кардани иттилоот дар Тоҷикистон, оҷонсии шумо ҳамеша ба принсипҳои касбият риоя мекунад ва ба ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон маълумоти воқеъбинона, ҳамаҷониба ва фаҳмо мерасонад.

“30 сол на танҳо як марҳилаи муҳим, ҳамчунин як нуқтаи муҳим барои оғози нав мебошад. Дар тӯли беш аз 30 сол муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон мунтазам рушд кардаанд. Хусусан дар солҳои охир, таҳти роҳбарии сарони давлатҳои мо, муносибатҳои ду давлат дар давраи нав ба сатҳи ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегӣ ва шарикӣ расидаанд”, – зикр мешавад дар номаи табрикии сафири Чин.

Дар он ҳамчунин, зикр мешавад, ки солҳои зиёд аст, ки сафорати Чин дар Тоҷикистон ва Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” шарикии самарабахшро нигоҳ медоранд, ки онро хеле қадр мекунанд. Сафири Чин изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд низ муносибатҳои мутақобила ва талошҳои муштараки худро барои мусоидат ба мубодилаи иттилоот, тафоҳуми мутақобила байни мардумони худ ва бунёди ҷомеаи боз ҳам наздиктари Чин ва Тоҷикистон тақвият медиҳанд.

Дар охир, Го Чжисзюн, ба расона шукуфоӣ ва муваффақият орзу кардаст.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 60

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдураҳмон Абдуманнонов то даргузашти Мирзо Мастонгулов ва Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.