Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Муҳаммад Назар, asia+

Расонаҳо аз оғози музокироти сулҳ миёни Эрон ва Амрико гузориш доданд. Расман дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он итилоъе дар даст нест.

Хабаргузории BBC, дар аввал навишт, гуфтугӯҳо ба таври ғайримустақим ҷараён доранд, вале баъдан гуфт, ки музокирот мустақим ва сеҷониба – бо иштироки Амрико, Покистон ва Эрон сурат мегирад.

Хабаргузории эронии “Тасним” навишт, “бо таваҷҷӯҳ ба музокироти фишурда дар Исломобод ва пешрафти гуфтугӯҳову маҳдуд кардани ҳамлаҳои Исроил аз Бейрут ба минтақаҳои ҷанубии Лубнон, ки ҳамчун пешрафт дар амалӣ кардани оташбас ҳисоб мешуд”, музокирот оғоз шуд.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон дар гуфтугӯ бо Шабҳоз Шариф. Акс аз Хабаргузории “Тасним”

Ин расона, ҳамчунин, навиштааст, ки ҷониби Амрико озодсозии дороииҳои Эронро пазируфт, аммо таъкид кард, ки ин мавзуъ ниёз ба  “гуфтугӯҳои коршиносиву фаннии дақиқтар” дорад.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин кишвар шоми 10-уми апрел мавзуи оташбас дар Лубнон ва озодсозии дороиҳои Эрон аз сӯйи Амрикоро ҳамчун пешшарти музокира матраҳ карда буд. Имрӯз бархе расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки масъалаи озодсозии дороиҳои Эрон аз сӯйи Амрико пазируфта шудааст, вале бархе расонаҳои дигари Амрико онро такзиб карданд. 

Қабл аз шурӯъи музокирот ҳайатҳои эронӣ ва амрикоӣ бо раҳбарии Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико дар алоҳидагӣ бо Шаҳбоз Шариф дидор карданд. Вале ба ҷуз чанд акс ҷузъиёти дигаре аз ин мулоқотҳо нашр нашуд.

Ҷей Ди Весн ва Шаҳбоз Шариф. Акс аз Дафтари сарвазири Покистон

Ҳамчунин, пеш аз музокирот Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, ки дар Исломобод қарор дорад, гуфтааст, ки “мулоҳизаҳо ва талабҳои Эрон бар асоси бастаи пешниҳодшудаи 10-бандӣ ба тарафи покистонӣ интиқол шуд”.  Ӯ илова кард, ки “музокирот аз лаҳзаи расиданашон ба Исломобод оғоз ёфт” ва “Қолибофу Ароқчӣ бо ҷониби покистонӣ тақрибан ду то дувуним соат гуфтугӯ карданд”.

Бақоӣ изҳор доштааст, ки ҳайати эронӣ “дидорҳои зиёде бо нахуствазир ва фармондеҳи Артиши Покистон” доштааст.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон. Акс аз Тасним

Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон изҳор дошт, ки сатҳи ҳайати мукзокиракунандаи Эрон дар Исломобод нишондиҳандаи ҷиддияти онҳо аст. Ӯ илова кард, ки назорати гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҷониби Эрон дар ҷалби тарафи муқобил ба сари мизи музокирот нақши муҳим бозидааст.

Дар ҳоле, ки дар Исломобод музокира оғоз мешуд, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико иддао кард, ки Иёлоти Муттаҳида “дар ҳоли оғози раванди тоза кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз” аз минаҳо аст. Ӯ дар нигоштае дар саҳифаи “Truth Social”-и худ ин иқдомро “лутфе барои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Фаронса ва Олмон” донистааст. Трамп илова кардааст, ки “онҳо худашон шуҷоату иродаи ин корро  надоранд”.

Ҳамзамон, бархе расонаҳои амрикоӣ ҳам бо такя ба манбаъҳои номаълум иддао карданд, ки “чанд киштии марбут ба Нерӯии дарёии Амрико аз тангаи Ҳурмуз убур кардаанд”.

Эрон ҳанӯз ба ин гузоришҳо расман посух надодааст, аммо хабаргузории “Форс” навишт, гузориш шудааст, ки як киштии новшикани амрикоӣ аз бандари “Фуҷайра” ба самти тангаи Ҳурмуз ҳаракат кардааст, вале бо вокуниши Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дучор гардидааст. Ба навиштаи ин расона, Эрон аз тариқи Покистон ҳушдор додааст, ки агар ҳаракати ин новшикан идома ёбад, “зарфи 30 дақиқа ҳадаф қарор мегирад”. Пас аз ин, ба гуфтаи манбаъ, “дастури боздошти ҳаракати ин нов” аз сӯйи Амрико “содир шудааст”.

Исломобод. Акс аз Ройтерз

Вашингтону Теҳрон пас аз 40 рӯзи ҷанг, ки бо таҷовузи Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуд ва бо ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна идома ёфт, ба созиши оташбаси дуҳафтаӣ даст ёфтанд. Ин оташбас бо миёнҷигари Покистон ба даст омад ва қарор шуд, ки Эрон ва Амрико дар Исломобод бар сари хатми пурраи ҷанг ва бартараф карданиихтилофҳои байнашон музокира кунанд. 

Ҳоло музокироти Амрико ва Эрон дар ҷараён аст. Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз нафарони калидии ҳайати эронӣ ва Ҷей Ди Венс ҳамроҳ бо Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Ховари миёна музокиракунандагони аслии амрикоӣ ба ҳисоб мераванд.  

Таҳлилгарон нақши Чинро низ дар эъломи оташбас муассир медонанд ва мегӯянд, ин талоши якҷояи Пекину Исломобод буд, ки аз забони Шаҳбоз Шариф баён шуд.

Ба ҳайати музокиракунандаи Эрону Амрико дар Исломобод киҳо дохил мешаванд ва чаро мҳз онҳо барои гуфтугӯ интихоб шуданд? Дар ин матлаби мо хонед: Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.