Бино ба маълумоти радабандии суръати инетнети “Speedtest Global Index” барои моҳи марти соли 2026, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети ноқилӣ миёни 153 кишвар зинаи 117-умро касб кард. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо моҳи феврал чор зина болотар аст.
Тибқи радабандӣ, суръати миёнаи боргирӣ (скачивание) 45,10 Мбит/с ва боргузорӣ – 38,30 Мбит/сонияро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар дар панҷ соли ахир аст.
Бодя гуфт, ки соли 2023 душвортарин давра буд, ки он замон суръати боргирӣ то нишондиҳандаи ҳадди ақалли 26,84 Мбит/с кам шуда, мавқеъи кишвар дар радабандӣ то 133-юм поин рафта буд.

Аз соли 2024 болоравӣ оғоз шуд: дар ду сол суръат боло рафта, мавқеи мо дар радабандӣ 16 зина беҳтар шуд.
Дар ҳамин ҳол, як сол боз дар “Speedtest Global Index” дар бораи суръати интернети мобилӣ маълумот мавҷуд нест.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон бо суръати 93,35 Мбит/с ба ҳисоби миёна пешсаф буда, мақоми 75-умро касб кардааст. Дар идома Қазоқистон бо 88,10 Мбит/с дар зинаи 86-ум ва Қирғизистон бо суръати 88,10 Мбит/с дар мақоми 87-ум қарор гирифтаанд. Турркманистон дар радабандӣ зикр нашудааст.
Пешсаф аз рӯйи интернети ноқилӣ дар моҳи марти соли 2026 Сингапур бо суръати боргирии 425,46 Мбит/с дониста шуда, дар зинаҳои баъдӣ Амороти Муттаҳидаи Араб (384,51 Мбит/с) ва Ҳонконг (352,40 Мбит/с) ҷойгир шудаанд.
Сарфи назар аз ҷараёни мусбат дар радабандӣ, бисёре аз сокинони кишвар мисли пешин аз суръати пасти интернет, бахусус мобилӣ нигаронӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, рақамҳои “Speedtest” нишондиҳандаҳои миёнаро нишон медиҳанд, ки на ҳамеша ба таҷрибаи воқеии корбарон, бахусус дар минтақаҳо мувофиқ меояд.




