Муовинони нави вазири умури дохилии ҷумҳурӣ таъин карда шуданд

spot_imgspot_img

Дата:



           

Душанбе. 9-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригашта бо қарори ҳукумати Тоҷикистон генерал-майори милиса Рамазон Раҳимов муовини аввали вазири умури дохилии ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Бо қарори дигари ҳукумат Абдуҷаббор Шамсов бинобар ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири умури дохилии кишвар озод гардида, ба ин мансаб Фародбек Шодмонбеков таъин гардид.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, Рамазон Раҳимов қаблан ба ҳайси мудири шӯъбаи мудофиа ва тартиботи қонунии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ифои вазифа менамуд. Ф.Шодмонбеков дар вазифаи муовини сардори шӯъбаи фавриву техникии Вазоарти умури дохилӣ кор мекард.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...