Аз 18 то 20-уми декабри соли 2026 дар шаҳри Душанбе яке аз пурнуфузтарин мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо – мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудо (World Judo Masters) баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) расман хабар дод.
Дар ин мусобиқот 36 ҷудокори пурқуввати ҷаҳон дар вазнҳои мухталиф ширкат мекунанд. Теъдоди варзишгарон аз як кишвар маҳдуд нест.
“World Judo Masters” дар радабандии ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад. Ғолиби он соҳиби 1800 имтиёз, соҳибони медали нуқра 1260 ва дорандагони медалҳои биринҷӣ сазовори 900 имтиёз мегарданд.

Аз соли 2023 Душанбе мунтазам марҳилаи силсилаи ҷаҳонии мусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудоро қабул мекунад. Дар пойтахти кишвар аввал “Grand Prix” ва ду соли охир “Grand Slam” баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар Душанбе соли 2024 мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон гузашт.
Мариус Визер, президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо таъкид доштааст, ки “баргузории мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳон дар Душанбе рушди ҷудои тоҷик ва стратегияи густариши ҷуғрофияи варзишро инъинос мекунад”. Ба гуфтаи ӯ, мусобиқа натанҳо майдони рақобти шадид, ҳамчунин, манбаи илҳом барои насли нави варзишгарон хоҳад шуд.
Исмоил Маҳмадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин рӯйдодро ифтихори бузург барои кишвар номида, зикр кардааст, ки ҷумҳурӣ ба баргузории он дар сатҳи баландтарин омода аст.

Ин мусобиқа барои ҷудокорони тоҷик танҳо як мусобиқа нест, балки барои ноил гардидан ба дастовардҳо дар сатҳи баландтарин мебошад.
То кунун аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот танҳо ду варзишгар – Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг медал ба даст овардаанд. Раҳимов соли 2022 дар шаҳри Байтулмуқаддас ва соли 2023 дар шаҳри Будапешт (Маҷористон) аз мусобиқоти мазкур медали нуқра гирифта буд. Хоҷазода соли 2023 дар Будапешт нишони нуқра ба даст овард.
Ҳоло маълум нест, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқот киҳо намояндагӣ мекунанд.




