Охири моҳи апрел ширкати миллии таҳвилгари “Роҳи оҳани Қазоқистон” (“Қазақстан темір жолы”) як қисми дархостҳо барои интиқол ё транзити гази моеъ аз Русия ба Тоҷикистонро тариқи қаламрави худ рад кардааст.
Бино ба маълумоти сомонаи “bizmedia.kz“, чунин қарор бо дархости ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” “бинобар сабаби шумори зиёди вагонҳо ва сарбории низоми нақлиёт қабул шудааст”. “Азия-Плюс” натавонист, ки тасдиқи ин гуфтаҳоро аз Роҳи оҳани Тоҷикистон гирад.
Дар пасманзари ин, ҳамчунин болоравии нархҳо дар таҳвилагрони русиягӣ, охири моҳи апрел миқдори интиқолҳои якдафъаинаи гази моеъ ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон гарон шуданд. (ин таъминоте мебошад, ки газро на тибқи қарордоди дарозмуҳлат, балки бо шартҳои ҷории бозор мехаранд).
Вале ширкати бузургтарини таҳвилгар аз Қазоқистон ба Тоҷикистон – “Тенгизшевройл” мегӯяд, ки ҳеҷ як миқдори якдафъаинаро дар моҳи май ба кишвари мо нафиристодааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 27-уми апрел ба Тоҷикистон ҳудуди 25,7 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, аз ин ҳаҷм 20,7 ҳазор тоннааш ба ҳиссаи “Тенгизшевройл” рост меояд.




