Дар пайванд ба озори тифле дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, мураббии муассисаи томактабии №12 -и ноҳияи Исмоили Сомониро аз кор ронданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия, аз ин мураббӣ Адиба Ашурова ном бурд ва гуфт, “маҳз ӯ кӯдаки хурдсолро шаппотӣ задааст” Тафтиши ин қазияро Додситонии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.
Навори шаппотӣ задани як кӯдак аз сӯйи як корманди кӯдакистон рӯзи 9-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.
Додситонии пойтахт рӯзи 10-уми май дар хабарномае гуфт, ки дар навор “эҳтимолан муносибати номатлуб нисбат ба кӯдаки хурдсол аз ҷониби мураббӣ” инъикос ёфтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми санҷиш кирдори шахсони дар наворбуда, “инчунин ба амал ё беамалии роҳбарияти муассисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”.
Ҳоло натиҷаи санҷиши ин ниҳод расонаӣ нашудааст.
Вале Ҷамшед Маҷидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, мураббие, ки дар навор кӯдаки хурдсолро шаппотӣ мезад, Адиба Ашурова ном дошта, аз моҳи октябри соли 2025 то инҷониб дар ин кӯдакистон кор мекард. Мудир гуфт, “ӯ баъди ин қазия аз вазифа озод шуд”.
Фарзона Дамонзода, мудири кӯдакистони №12 дар шарҳи қазия ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодисаро “аз муаллимае, ки ҳамин ҳолатро кардааст, пурсед”.
Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мураббӣ бенатиҷа анҷомид. Назари волидайни кӯдак низ дар робита ба ин қазия маълум нест.
Баъди ин ҳодиса, шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар як изҳорот навишт, ки “ҳар гуна муносибати дағалона, таҳқиромез, зӯроварӣ ва хилофи меъёрҳои ахлоқию педагогӣ нисбат ба кӯдакон қобили қабул нест”.
Дар пайи марги тифли 2-сола Рухшона Исматуллоева, мудири ин кӯдакистон ба муҳлати 6 сол ва Боғигул Раҳимова, мураббияи писарбача ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд.
Вале, додгоҳ кӯдакони ноболиғ доштани ҳардуи онҳоро ба назар гирифта, иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандонашон мавқуф гузошт. Кӯдаки мудир 3 моҳа ва тифли муррабӣ 3 сола мебошанд. Ҳукми онҳоро моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт содир кард.
Баъди ин ҳодиса, баҳси нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳо, рафтори мураббиҳо ва шароити зисти наврасон дар муассисаҳои томактабӣ дар ҷомеа доғ шуд.





