Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

Сайфиддин Қараев, asia+

Тоҷикистон ва Қазоқистон имзои Харитаи роҳ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши кишоварзиро дар нимаи дуюми соли 2026 ба нақша гирифтаанд.

Дар ин бора зимни вохӯрии Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо Айдарбек Сапаров, ҳамтои қазоқаш дар доираи ҳамоиши 35-уми минтақавиии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Душанбе таъкид шуд.

Ҷонбиҳо дурнамои густариши ҳамкории мутақобила дар бахши кишоварзӣ, масоили амнияти озуқаворӣ, рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, асоси маҳсулоти содиротӣ аз Қазоқистонро орду гандум, равғани растанӣ, ҷуворимакка, маҳсулоти гӯштӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин, ҷониби Қазоқистон омодагии худро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсоли орд, коркарди маҳсулоти чорводорӣ, истеҳсоли маснуоти қаннодӣ, равғани растанӣ, шарбатҳои табиӣ ва консентратҳо баён кардааст, ки дар қаламрави Қазоқистон бо ҷалби сармоягузорӣ аз Тоҷикистон сохта мешавад.

“Табодули мунтазами маълумот дар бораи чорабиниҳо дар соҳаи кишоварзӣ, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи селексия ва тухмикорӣ, инчунин таҳкими шарикӣ дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ бо шумули табодули донишу таҷриба ва технологияҳоро пешниҳод мекунем. Амалисозии ташаббусҳои муштарак ба таъмини амнияти озуқавории кишварҳоямон ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард”, – зикр кардааст вазири кишоварзии Қазоқистон.

Қурбон Ҳакимзода, манфиатдории Тоҷикистонро дар густариши шарикӣ бо Қазоқистон тасдиқ карда, аз имконоти зиёди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои савдо, коркради маҳсулоти кишоварзӣ, улуми кишоварзӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир зикр кардааст.

Акс аз сомонаи gov.kz

Дар чаҳорчӯби ҳамоиши Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, Айдарбек Сапаров дар муколамаи вазирон бахшида ба мавзӯи сармоягузорӣ низ суханронӣ карда, таъкид доштааст, ки Қазоқистон дар низоми ҷаҳонии амнияти ғизойӣ мавқеи муҳими стратегӣ дошта, ба сафи кишварҳои истеҳсолкунандагони бузурги зироати ғалладона дохил мешавад.

Бино ба маълумоти ҷониби Қазоқистон, сол 2025 дар ин кишвар ду сол ҳудуди 27 млн тонна зироати ғалла ҷамъоварӣ шуд. Ғайр аз ин, қариб 5 млн тонна равған аз тухмиҳо ва ҳудуди 1 млн тонна зироати лӯбиёдона истеҳсол шудааст. Дар соли гузашта Қазоқистон 15,3 млн тонна зироати ғалла содир кардааст.

Айдарбек Сапаров зикр кард, ки Қазоқистон ба таҳкими мақоми яке аз марказҳои ғизойӣ будани худ дар Авруосиё ва таъмини таҳвили устувори зироати ғалладона ва маҳсулоти коркарди он ба кишварҳои Осиёи Маказӣ, Ховари Миёна, Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон омода аст. Аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрӣ Тоҷикистон ва Қазоқистон омодагии худро ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.