Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шоираи Қулрат, asia+

Аз 18 то 21-уми май дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад, ки намояндагони соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт ва синамои тоҷик иштирок мекунанд.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон, дар доираи он барномаҳои консертӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи тоҷик ва гурӯҳҳои мусиқию рақсии Тоҷикистон, намоиши асарҳои рассомони тоҷик ва ҳамоиши адабии олимони ду кишвар дар назар аст.

Ҳамчунин, дар доираи он, “Рӯзҳои синамои Тоҷикистон” дар ин кишвар баргузор шуда, аз 18 то 20-уми май дар толори синамои “Ала-Тоо”-и шаҳри Бишкек филмҳои бадеии тоҷикӣ намоиш дода мешаванд. Гуфта мешавад, ки дар он беҳтарин намунаҳои синамои муосири тоҷик ба тамошо гузошта шуда, тавассути санъати синамо фарҳанг, анъана ва зиндагии мардуми тоҷик муаррифӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи барномаҳои фарҳангӣ рӯзи 18-уми май дар назар буда, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии ба номи А. Осмонови ин кишвар ҳамоиши илмӣ-адабӣ бо унвони “Турсунзода ва Айтматов: вассофони сулҳу дӯстӣ” баргузор мешавад. Дар он мероси адабии адибони барҷастаи ду кишвар, саҳми онҳо дар рушди арзишҳои инсондӯстӣ, инчунин нақши адабиёт дар таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо ва дӯстии халқҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон бошад, 19-уми май, соати 18:30 дар Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т. Сатилғанов дар шаҳри Бишкек баргузор ва барномаи ғании фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик пешкаш мегардад.

Рӯзҳои 19-20-уми май дар Осорхонаи миллии санъати тасвирии Қирғизистон ба номи Ғ.Айтиев намоиши асарҳои рассомони тоҷик сурат хоҳад гирифт. Дар он боздидкунандагон бо анъанаҳо ва равияҳои муосири санъати тасвирии Тоҷикистон, ки рангорангии фарҳанги миллӣ, мероси ғании таърихӣ ва табиати Тоҷикистонро инъикос мекунанд, шинос хоҳанд шуд.

Маросими ҷамъбастии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар рӯзи 21-уми май, соати 18:00 дар маркази фарҳангии “Рӯҳ-Ордо” дар шаҳри Чолпон-Ата баргузор мешавад.

Аз консерти "Дӯстии абадӣ" бо иштироки ҳунармандони ду кишвар дар Кохи Борбад, Акс аз дафтари матбуоти раисҷумҳур

Ҳадафи иқдоми мазкур таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои эҷодӣ ва табодули таҷриба миёни аҳли фарҳанги ду кишвар гуфта мешавад. Ба қавли манбаъ, он бозгӯи талошҳои муштараки ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон моҳи марти соли 2025 созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Рӯзҳои 13-14 марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафта буд. Садир Жапаров бо сафари давлатии ҷавобӣ рӯзҳои 8-9 июл ба Тоҷикистон омад. Баъдан сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 июл дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон мулоқоти корӣ баргузор намуда, дар он натиҷаҳои сафари давлатии чанде пеши мутақобиларо баррасӣ карда буданд.

Ҷонибҳо талош доранд, ки ҳамсоягии неку муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо густариш диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.