Думаи давлатии Русия рӯзи 13 май ду лоиҳаи қонунро дар қироати аввал маъқул донист, ки сиёсати муҳоҷирати ин кишварро ба таври назаррас шадидтар месозанд.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин зимни ҷаласа зикр кардааст, ки ин лоиҳаҳои қонун ба “такмили минбаъдаи сиёсати муҳоҷират” равона шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар яке аз онҳо пешбинӣ шудааст, ки ба хориҷиёне, ки доғи додгоҳӣ (судӣ)-и бекоргардида ё адонашуда “барои содир намудани ҳама гуна ҷиноят дар қалмрави Русия ё берун аз ҳудуди он” доранд, сарфи назар аз вазнинии ҷиноят, дарёфти шаҳрвандӣ, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ), Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) манъ мешавад.
“Ҳамчунин дар ин гуна ҳолат бекор кардани ҳуҷҷати иҷозаи зист ё иҷозаи зисти муваққатии қаблан додашуда пешниҳод мешавад”, – илова кардааст Володин.
Лоиҳаи қонуни дуюм ба “ду баробар – аз 22 то 43 моддаи Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурӣ зиёд кардани номгӯи қонуншиканиҳои маъмурӣ дахл дорад, ки барои содир кардани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ бояд ихроҷ карда шаванд”.
Тавре ки хабаргузории Фергана менависад, ба сафи асосҳо барои ихроҷ моддаҳое дохил карда шудаанд, ки ба фаъолмандии сиёсӣ ва изҳори мавқеъ марбутанд.
Ин ҷо аз ҷумла сари “паст кардани шаъну эътибори артиш, даъватҳо ба ҷорӣ сохтан ё нигаҳдории таҳримҳо зидди Русия, намоиши рамзи миллатгароӣ ё ифротгароӣ, паҳнкунии маводи ифротгароӣ, инчунин суистифода аз озодии ВАО” сухан меравад.
Ба иттилои нашрияи “Коммерсантъ”, илова бар ин, иштирок дар иқдомҳои мувофиқанашуда, вайрон кардани реҷаи ҳолати фавқулода ё ҳарбӣ, монеъа эҷод сохтан ба зерсохтори нақлиёт ва майдаавбошии ҳамроҳ бо итоат накардан ба пулис низ метавонанд барои ихроҷ асос шаванд.





