Дар Тоҷикистон тартиби махсуси танзим барои лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи андозбандии соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мешавад. Он ба амалиёт тариқи ҳамёнҳои электронӣ дахл дошта, ба ошкор намудани шахсоне, ки дар амал ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланду лекин ба сифати соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта нашудаанд, равона шудааст.
Фармони марбутаи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 1-уми апрели соли 2026 ба имзо расид. Санад аз ҷониби Вазорати адлия таҳти №1108 ба қайд гирифта шудааст.
Мувофиқи замима ба фармон, агар интиқол аз ҳамёни электронии як шахси воқеӣ ба шахси дигари воқеӣ амалиёти тиҷоратӣ эътироф шавад, маблағи он ҳамчун даромади шахси қабулкунанда баррасӣ мешавад. Мутобиқи тариби нав, аз он бояд андоз ситонида шавад.
Барои ҳолатҳое, ки давоми як рӯз ба як нафар зиёда аз 10 пардохти тиҷоратӣ аз якчанд шахсони воқеӣ тариқи ҳамёни электронӣ ворид мешавад, механизми ҷудогона пешбинӣ шудааст.
Дар чунин ҳолат андоз мувофиқи тартиби муқарраргардида ситонида шуда, маълумот дар бораи қабулкунанда ба мақомоти андоз барои ба қайди давлатӣ гузоштани ӯ ба сифати соҳибкори инфиродӣ фиристода мешавад.
Пас аз ин, тавре ки аз санад бармеояд, андоз аз ҳамаи маблағи ба ин ҳамёни электронӣ воридгардида, сарфи назар аз тасдиқ шудан ё нашудани хусусияти тиҷоратӣ доштани ҳар як амалиёт, ситонида мешавад.
Дар ин ҳолат, мақомоти андоз бояд эҳтимоли онро, ки қабулкунанда амалан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, арзёбӣ кунанд.
Барои санҷиши ин кор ба мақомоти андоз пас аз гирифтани маълумот аз низом 10 рӯз муҳлат дода мешавад.
Агар муқаррар шавад, ки шахс ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст, ӯро дар шакли электронӣ ҳамчун субъекти соҳибкорӣ мувофиқи навъи дахлдори фаъолият ба қайд мегузоранд.
Баъди ба қайд гузоштан, маълумот дар бораи чунин соҳибкори инфиродиро ба Рӯйхати ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид месозанд.
Маълумот инчунин ба низоми ҳамёнҳои электронӣ ва ба худи андозсупоранда тариқи ҳуҷраи шахсии ӯ фиристода мешавад.
Ҳуҷҷате, ки қайди давлатиро тасдиқ месозад, дар шакли электронӣ ба расмият дароварда мешавад.
Фармон бояд пас аз ба қайди давлатӣ гузоштан ва нашри расмӣ мавриди амал қарор гирад.
Ба мақомоти соҳавӣ ҳамроҳ бо вазорату идора ва мақомоти маҳаллии ҳокимиятҳо супориш дода шудааст, ки корҳои шарҳу тавзеҳи ин санадро гузаронанд.





