ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Дар Қазоқистон дирӯз Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз шуд. Маросими расмии оғози он имрӯз соати 18:30 дар Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т. Сатилғанов дар шаҳри Бишкек баргузор ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони тоҷик пешниҳоди иштирокдорон мешавад.
Ҳамчунин, дар Осорхонаи миллии санъати тасвирии Қирғизистон ба номи Ғ.Айтиев намоиши асарҳои рассомони тоҷик сурат хоҳад гирифт.

Дар доираи он ҳамчунин Рӯзҳои синамои тоҷик дар ин кишвар ҷараён дорад ва имрӯз филми “Достони Рустам” намоиш дода мешавад. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон то зи 21 май идома мекунад.
– Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони кишвар ба муносибати 110-солагии Ҳабиб Юсуфӣ, шоири ватанпарасту шуҷоъ ва қаҳрамони арсаи ҶБВ маҳфили илмию адабӣ баргузор мешавад. Вуруд озод аст.
– Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии чоруми худ дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон рақобат мекунанд. Ин набард дар варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода сурат мегирад ва соати 17:00 оғоз хоҳад шуд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2003 – Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон соли 2004-ро Соли санъати эстрадаи муосир эълон кард. Ин иқдом барои рушди мусиқии эстрадӣ ва дастгирии ҳунармандони ҷавон равона шуда буд.
Соли 2010 – Ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйирот ворид шуд, ки мувофиқи он синни никоҳ барои духтарон аз 17 ба 18 сол боло бурда шуд. Ин тадбир барои пешгирии никоҳҳои бармаҳал ва таъмини ҳуқуқи духтарон ба таҳсил равона шудааст.
Соли 2011 – Дафтари Омбудсмени Тоҷикистон, ки дар соли 2009 таъсис ёфта буд, нахустин гузориши худро оид ба ҳуқуқи инсон нашр кард. Ин гузориш фаъолияти дафтари Омбудсменро аз сентябри 2009 то декабри 2010 ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар кишвар таҳлил мекард.
Соли 2019 – Дар зиндони Ваҳдат шӯрише рух дод, ки дар натиҷа 29 маҳбус ва 3 корманди зиндон кушта шуданд.

ШАХСИЯТҲО
Соли 1930 – Зодрӯзи Маҳмадёр Хуҷамёров, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ.
Соли 1932 – Мавлуди Абдусаттор Мирзоев, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.
Абдусаттор Мирзоев барои рушди забоншиносии тоҷик саҳми арзанда дорад. Ӯ факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон фаъолияташро шурӯъ намуда, то охири умр дар ин боргоҳи илм заҳмат кашидааст. Ҳамзамон солиёни зиёд дар кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарс додааст.
Таҳқиқоташ дар се бахши забоншиносии тоҷик – иборашиносӣ, грамматика ва имло сурат гирифтааст. Дар таълифи китобҳои “Забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик”, “Қоидаҳои асосии имлои забони тоҷикӣ”, “Имлои забони тоҷикӣ” саҳми босазо дорад. Дар ҳаммуаллифӣ “Луғати имло” ва китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” (барои синфи 6)-ро омода кардааст. Инчунин худ муаллифи китобҳои “Ибораҳои феълии замонӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик” ва “Масъалаҳои ибора дар забони тоҷикӣ” аст.
Соли 1933 – Зодрӯзи Абдурауф Ҳошимов, доктори илмҳои фалсафа, профессор.
Соли 1936 – Мавлуди Истад Қосимзода, нависанда ва тарҷумони тоҷик.

Истад Қосимзода Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷаллаи “Тоҷикистон”, Радиои тоҷик, рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” кор кардааст. Як муддат дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Соли 1984 ба зодгоҳаш Ӯзбекистон рафта, то соли 1990 хабарнигори рӯзномаи “Овози тоҷик” ва баъдан сардабири рӯзномаи “Садои Сурхон” бурдааст. Соли 2002 ба Душанбе баргашта, як муддат дар маҷаллаи “Пайванд” (нашрияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон) ва баъдан дар нашриёти “Адиб” фаъолият бурдааст.
Номбурда муаллифи маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои “Янгаи соҳибҷамол”, “Ситези зиндагӣ”, “Гунҷишкаки лоло”, “Ошиқ будаем рӯзе” аст. Тарҷумаи романҳои “Рӯзгори мозӣ”,-и А. Қодирӣ, “Кимёгар”-и П. Куэло (ҳамроҳи Ҷонибеки Акобир), “Қиёмат”-и Ч. Айтматов ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Соли 2013 – Лутфӣ Кабирова, овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Лутфӣ Кабирова аз сарояндагони маъруфи опера буда, услуби хоси иҷро ва садои дилнишину таъсирбахш доштааст.
Ӯ хатмкардаи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи Маскав буда, аз соли 1954 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият пардохтааст.
Кабирова дар операҳои тоҷик як силсила образҳои муассир офаридааст, ки Нисо дар “Бахтиёр ва Нисо”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Сурма дар “Домоди номдор”, Малоҳат дар “Бозгашт аз ҷумлаи онҳоянд.
Ӯ ҳамчунин дар операҳои классикии русу Ғарб як силсила образҳои барҷаста офаридааст, ки Татяна дар “Евгений Онегин”, Лиза дар “Модкаи қарамашшоқ”, Дездемона дар “Отелло” аз ин қабиланд.
Соли 2020 – Хуршеди Алидод, овозхон ва оҳангнавози тоҷик дар синни 84-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2022 – Меҳмон Бахтӣ, шоир, нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Меҳмон Бахтӣ аз насли дувуми шоирону адибони шӯравии тоҷик буд. Ӯ хатмкардаи риштаи забону адабиёти Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд. Солҳои зиёде дар телевизиони Тоҷикистон, “Тоҷиктелефилм” ва Театри Лоҳутӣ кор карда, муаллифи филмнома ва намоишномаҳои зиёде мебошад.
Меҳмон Бахтӣ пас аз Аскар Ҳаким дар соли 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд, ки то соли 2015 ин масъулиятро ба дӯш дошт. Солҳои 1995-2000 вакили порлумон ва аз соли 2005 то 2010 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ буд.
Қиссаҳои “Оҳи сабук”, “Хубон”, “Се соати даҳшатбор”, китоби шеърҳои “Пайғоми баҳор”, “Хаёли ширин” ва маҷмӯаи намоишномаҳои “Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…”, “Оҳанги хаёл”-ро навиштааст.
Намоишномаҳои “Фирдавсӣ”, “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Тилисми Сайҳун” (“Нангбардори Хуҷанд”) низ ҳосили заҳматҳои ӯст. Соли 1988 ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2014 медали адабии байнулмилалии ба номи Михаил Достоевскийро гирифтааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
19 майи соли 1712, шоҳи Русия Пётри I пойтахтро аз Маскав ба Санкт-Петербург кӯчонид. Ин қарор дар доираи ислоҳоти Пётр барои муосирсозии Русия ва наздик кардани он ба Аврупо қабул шуда буд. Санкт-Петербург, ки соли 1703 бунёд шуда буд, ба рамзи “равзана ба сӯи Аврупо” табдил ёфт. Ин шаҳр пойтахти империяи Русия то соли 1918 боқӣ монд.

19 майи соли 1910, Замин аз дохили думби кометаи Ҳаллей (1P/Halley) гузашт. Ин комета бо ҳар 75-76 сол ба назди Замин бармегардад. Дар арафаи гузашт, дар матбуот овозаҳо паҳн шуданд, ки гӯё газҳои заҳрноки думби комета метавонанд атмосфераи Заминро заҳролуд кунанд. Аммо гузариши он бе ҳеҷ таъсири манфӣ ва бо натиҷаҳои илмии муҳим анҷом ёфт.

19 майи соли 1922 дар Конфронси дуюми умумироссиягии Комсомол қарор қабул шуд, ки дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ташкилотҳои пионерӣ таъсис дода шаванд. Онҳо барои тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи коммунистӣ ва иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта буданд. Соли 1924 ба ташкилот номи пионерҳои ба номи В. И. Ленин дода шуд. Ташкилот то соли 1991 фаъолият мекард ва яке аз сохторҳои муҳими иҷтимоӣ-таблиғотии замони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ ва боридани жола низ аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва эҳтимолираъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 10+12º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 19 ба 20-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.






