Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Шаҳноз Ализода, asia+

Дар пайванд ба марги Лутфулло Сафаров, кирокаше, ки аввали моҳи апрел ба таври мармуз кушта шуд, як ноболиғ боздошт ва алайҳаш бо гумони “одамкушӣ бо бераҳмии махсус” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Додситонии кул дар посух ба муроҷиати падари марҳум навиштааст ва бо нусхаи он “Азия-Плюс” ошно шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел дар посух ба муроҷиати Фатҳулло Сафаров, падари кирокаши кушташуда, аз додситони вилояти Хатлон хостааст, ки “тафтиши қазияро зери назорат гирад”.

Дар ин санад аз додситони вилоят хостаанд, ки шикояти Сафаровро “дар хусуси яктарафа ва тафтиши нопураи ҳодисаи куштори писараш Лутфулло Сафаров бо парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноболиғ Б. А. бо моддаи 104, қисми 2, банди “е”-и КҶ” холисона баррасӣ карда, аз натиҷааш ӯро огоҳ кунанд.

Бар асоси ин иттиҳом ба ноболиғ аз 15 то ҳабси абад таҳдид мекунад.

Дарвозаи шаҳри Ёвон. Акси Радиои Озодӣ

Дар ҳамин ҳол, Фатҳулло Сафаров аз рафти санҷиши қазияи писараш нигаронӣ кард. Ӯ  рӯзи 21-уми май ба “Азия-Плюс” гуфт, ки беш аз як моҳ аст, ки “тафтиши қазияи марги писарам ба ҷое нарасидааст” ва иддао кард, ки дар ин қазия на як кас, балки ҳаддиақал як ноболиғи дигар, ки ҳоло дар озодӣ аст, даст дорад. Ӯ мегӯяд, аз сабаби он ки падари ноболиғи дуввум дар мақомоти қудратӣ кор мекунад, ӯ баъди бозпурсӣ ба озодӣ баромад.

“Ҳамин саҳар аз муфаттиш пурсидам, ки тафтиши қазияи марги писарам ба куҷо расидааст. Гуфт тафтиш идома дорад. Дар роҳе, ки ба мошини писарам одамон савор шудаанд, камаш 8-9 дурбинҳои назоратӣ ҳаст. Вале вақте аз соҳибони ин дурбинҳои назоратӣ сабтҳоро пурсидем, мегӯянд наворҳои ҳамон рӯзи ҳодиса пок шудаанд. Вале муфаттиш мегӯяд, ки сабтҳои дурбинҳои назоратиро барои ташхис ба Душанбе равон кардаанд”, – иброз дошт Сафаров.

Тасдиқи ин гуфтаҳо аз манобеи расмӣ ғайриимкон аст.

Зоиршо Абдурозиқзода, муфаттиши Додситонии ноҳияи Ёвон, ки ба гуфтаи пайвандони Лутфулло Сафаров тафтиши ин қазияро ба уҳда дорад, аз шарҳи қазия худдорӣ кард. Номбурда рӯзи 21-уми май зимни як суҳбати телефонӣ баъди шунидани номи журналист ва шарҳи қазия телефони худро хомӯш кард ва дигар ба зангҳом мо посух надод.

Назари ягона гумонбар ва волидайни ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Ҷасади Лутфулло Сафарови 38-соларо, ки дар ширкати “3333”-и ноҳияи Ёвон кор мекард, рӯзи 4-уми апрел сокинон дар майдони заминҳои кишт дарёфт карданд.  Қаблан наздикони марҳум гуфта буданд, ки шахсони номаълум ӯро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо худрави ӯ фирор кардаанд. Ӯ соҳиби чаҳор фарзанди хурдсол буд.

Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар хабари “Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд хонед.

Аз оғози сол то кунун ин аввалин куштори мармуз дар Тоҷикистон нест, ки расонаӣ мешавад. Шаби 1 ба 2-юми апрел дар шаҳри Кӯлоб ду зани 20 ва 28-сола ва як кӯдаки 6-сола ба таври мармуз кушта шуданд. Мақомот дар пайванд ба куштори се тан, алайҳи Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Санҷиши ин қазия ба куҷо расидааст, ҳоло маълум нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани чорво дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ҷойҳои махсус муқаррар шудааст. Аз шаҳрдорӣ ба “Азия-Плюс” суроғаи...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.