Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои амалисозии лоиҳаи “Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ” (AMAL) ба Тоҷикистон 19,7 млн доллар қарзи бебозгашт ё грант медиҳад. Созишномаи дахлдорро дар ин хусус Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Роберто Лонго, директори минтақавии ин Фонд дар Душанбе ба имзо расониданд.
Тавре Вазорати молия хабар медиҳад, дар лоиҳаи мазкур 2,3 млн доллар саҳми ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҳаст.

Менабаъ мегӯяд, “ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, даромад ва устувории хонаводаҳои деҳоти Тоҷикистон, хусусан чорводорони хурд, тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аст”.
“Лоиҳа, инчунин ба рушди занҷираи арзиши маҳсулот, соҳибкории хурду миёна, беҳтар кардани сохтори ғизои аҳолӣ ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст”, – зикр мешавад дар хабарнома.
Бояд гуфт, ки бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро ҳудуди 70%-и аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Солҳои ахир деҳқонону чорводорон ба як қатор мушкилот аз қабили норасоии об, болоравии нарх ба нуриҳои минералӣ ва душвориҳо дар истифодаи чарогоҳҳо дучор мешаванд. Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ аллакай муддати 15 сол аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад.
Дар ин давра Фонд, ба ноҳияҳои деҳоти кишвар зиёда аз 115 млн доллар маблағ ҷудо кард, ки барои бҳалли мушкилоти беш аз 300 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мусоидат кардааст. Лоиҳаҳои амалкунандаи Фонд дар Тоҷикистон ба рушди бахши кишоварзӣ, дастгирии чорводорон, баланд бардоштани устувории хонаводаҳои деҳот ва густариши имконоти иқтисодӣ дар минтақаҳо равона шудааст.








