Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Нисфирӯзии 31-уми май пас аз се моҳ қатъи парвозҳо миёни Тоҷикистону Эрон, ки бо ҳамлаи Амрикову Исроил дар 28-уми феврал ба хоки Ҷумҳурии Исломӣ лағв шуда буд, аз шаҳри Теҳрон ба Душанбе парвоз анҷом шуд.

Дар ин хатсайр, ки ширкати ҳавопаймоии “Вориш”-и Эрон анҷом дод, 92 тан ба Душанбе омаданд. Аксари онҳо шаҳрвандони Эрон мебошанд. Дар масири баргашт, худи ҳмон рӯз, 122 нафари дигар, ки аксаран эрониҳо буданд, ба Теҳрон рафтанд.

Дар Фурудгоҳи Душанбе барои истиқбол ва гусели мусофирон наздикону пайвандони онҳо омада буданд.

Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+ Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+ Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+ Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+ Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+ Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+ Фурудгоҳи Душанбе. Акс аз asia+

Ҳоло бо нисбатан ором шудани вазъ дар Эрон, фурудгоҳҳои ин кишвар як-як боз мешавад ва парвозҳо ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон барқарор мегардад. Қаблан гуфта мешуд, ки парвозҳо аз Машҳад ба Душанбе ҳам аз сари гирифта мешавад, вале аз сабаби он ки яке аз кишварҳои масири парвоз иҷозат надод, ки тариқи ҳарими ҳавоияш парвоз анҷом дода шавад, ин парвоз то ҳол анҷом нашудааст.

Ҷанг дар Эрон, ки бо ҳамлаи Амрико ва Исриолл 28-уми феврал оғоз шуд, боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар, асосан дар Эрон ва Лубнон гардид. Дар посух, Теҳрон ба Исроил ва муттаҳидони ИМА дар Халиҷи Форс ҳамла кард.

Ин низоъ бо сабаби баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз гардид, ки ҳоло бӯҳрони бузурги энерҷиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".