ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1963 – Дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи “Ин ҷо Душанбе!” (ҳоло “Ҷаҳони паём”) нашр шудааст.
Соли 2004 – Дар Тоҷикистон қонун дар бораи боздошти татбиқи ҷазои қатл (мораторий) қабул карда шуд.
Соли 2010 – Вакилони парлумон санаи нав барои Рӯзи забони тоҷикӣ – 5 октябрро расман тасдиқ карданд. То ин лаҳза рӯзи 22-юми июл Рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардид.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо Шавкат Мирзиёев, роҳбари ин давлат ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузошт. Ин лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1940 – Зодрӯзи Зафар Нозим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Зафар Нозим яке аз қофиласолорони ҳунари овозхонии тоҷик дар қарни гузашта буд ва бештар аз 40 сол яке аз мумтозтарин овозхонон дар саҳнаи ҳунари тоҷик дониста мешуд. Таронаҳои вай бар осори классикон мисли “Эй сорбон”, “Бигзор то бигирям” ва даҳҳо дигар ба унвони шоҳасари ҳунари овозхонӣ дар ганҷинаи фарҳангии тоҷикон боқист.
Вай соҳиби унвонҳои пурифтихори Ҳунарманди мардумӣ ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон буд. Зафар Нозим 3 августи соли 2010 дар синни 70-солагӣ, баъд аз беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Соли 1943 – Зодрӯзи Саъдулло Исломов, иқтисоддони тоҷик, доктори илмҳои иқтисодӣ.
Соли 1941 – Мавлуди Толиб Хаскашев, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
Соли 1950 – Зодрӯзи Толиб Ваҳҳобов, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
Соли 1962 – Мавлуди Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Афзалшоҳ Шодӣ, яке аз ҳунармандони саршиноси санъати тоҷик буда, бештар бо хондани оҳангҳои ҳувиятхоҳиву миллигароёна ва ватандӯстӣ дар поёни солҳои Шӯравӣ ва солҳои аввали истиқлол дар Тоҷикистон маъруф шуд.
Афзалшоҳ бештар ин оҳангҳоро бар пояи матни шоирони маъруфи вақт – Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар ва шоирони дигар иҷро карда ва дар миёни қишри миллигаро дар сар то сари ҳавзаи забони форсӣ маҳбубият пайдо кард.
Солҳои ахир ин ҳунарманд дар баробари оҳангҳои ҳаммосиву ошиқонаву иҷтимоӣ, ҳаводиси пуртаззоди ҷаҳонро низ вориди матни оҳангҳояш карда, ки истиқболи хубе дар сатҳҳои гуногун мешавад.
Ин овозхони шинохта ҳамчунин аз хонандагони маъруфи мусиқиҳои классикӣ, аз ҷумла шашмақом дониста мешавад. Афзалшоҳи Шодӣ услуб ва мактаби хоси овозхонии худро дорад, ки ӯро аз ҳунармандони муваффақ дар интихоби матну оҳанг ном мебаранд.
Соли 1962 – Мавлуди Алишер Латифзода, оҳангсози тоҷик.
Соли 1965 – Зодрӯзи Сиҷоуддин Саломзода, собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Рӯзи 2-юми июни соли 1962 дар шаҳри Новочеркасск (СССР) фоҷиаи хунин ба вуқуъ пайваст, ки дар таърих бо номи “Тирборони Новочеркасск” маъруф аст. Сабаби шурӯи тазоҳурот болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ (шир ва гӯшт) ва ҳамзамон коҳиши музди кор буд.

Дар натиҷа, 26 нафар кушта ва садҳо кас захмӣ шуданд. Баъдан 7 нафар ҳамчун ташаббускорони ошӯб ба қатл маҳкум шуда, даҳҳо тани дигар ба 10–15 соли зиндон маҳкум шуданд. Моҳи майи соли 1992 Шӯрои Олии Русияи шӯравӣ ҳамаи маҳкумшудагонро сафед карда, ба хонаводаҳои қурбониён ҷуброни молӣ пардохт кард.
Рӯзи 2-юми июни соли 1953 дар Лондон маросими расмии тоҷгузории Елизаветаи II, маликаи шҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор шуд.

Елизавета духтари подшоҳ Георг VI ва малика Елизавета Боуз-Лайон буд. Пас аз вафоти падар (6-уми феврали соли 1952), маросими тоҷгузорӣ бо таъхир, баъди як соли мотам баргузор шуд. Тоҷ аз тило сохта шуда, бо 275 санги гаронбаҳо оро ёфта ва вазни он 3 кг буд. Ба шарофати пофишории Елизавета, маросим бори аввал дар таърихи Британия зинда, тавассути телевизион пахш гардид, ҳарчанд бархе аз раҳбарони давлатӣ ва калисо муқобили он буданд.
Рӯзи 2-юми июн Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст. Ин рӯз аввалин бор соли 2011 ҳамчун ҷавоб ба “рӯзи фаровонӣ”-и амрикоӣ, ки дар он мардум ҳар чизи хоҳишдоштаро мехӯранд, таҷлил шуд.

Рӯзи 2-юми июни соли 1955 рӯзи таъсиси космодроми Байконур аст. Моҳи майи соли 1957 аввалин мушаки баллистикии қитъавии Р-7 аз ҳамин космодром партоб шуд. Аз Байконур аввалин моҳвораи сунъии Замин (1957) ва нахустин киштии кайҳонӣ бо Юрий Гагарин (1961) ба кайҳон фиристода шуданд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимол раъду барқ ва гарду ғубор ба амал ояд. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона 31+36 дараҷа ва шабона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24 ва шабона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимол раъду барқ, ҳамчунин, гарду ғубор ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 35+40 ва шабона 21+26 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 27+32 дараҷа ва шабона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва эҳтимол раъду барқ, ҳамчунин гарду ғубор ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона 31+36 ва шабона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 25+30 ва шабона 10+15 дараҷагарм мешавад.
Дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 23+28º ва шабона 10+15º дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо рӯзона то 31+33 ва шабона 19+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 11+16 ва шабона шабона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ва гарду чангу ғубор ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 33+35 ва шабона 20+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд. – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона 30+32 ва шабона 20+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 36+38 ва шабона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ. – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона 25+27 ва шабона 13+15 дараҷа гарм мешавад.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 2 ба 3-юми июн ба ҳисоб гирифта шудааст.








