Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Ин Шӯро дар назди раисҷумҳур таъсис ёфта, қарори дахлдор дар ин бора дар пойгоҳи ҳуқуқӣ ва иттилоотии Вазорати адлия нашр шудааст. Санад дар ин бора рӯзи 23-юми майи соли 2026 қабул шудааст.

Тибқи қарор, ин ниҳод мақоми доимоамалкунандаи машваратию маслиҳатӣ дар назди президенти Тоҷикистон мебошад. Онро раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарӣ карда, муовини раиси Шӯро муовини аввали сарвазири кишвар аст.

Ба ҳайати Шӯро, муовини роҳбари дастгоҳи иҷрояи президент, вазирони адлия, рушди иқтисод ва савдо, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии дастгоҳи иҷроияи президент шомил мешаванд.

Директори Агентии инноватсияҳо ва технологияҳои рақамии кишвар котиби Шӯро аст.

Ғайр аз ин мақоми нав бояд ҳамкориии мутақобилаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхона ва бахши хусусиро таъмин кунад.

Муайян кардани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди он дар Тоҷикистон аз ҷумла вазифаҳои асосии Шӯро номбар шудааст.

Ҳамчунин Шӯро ба роҳандозии муколама байни давлат ва бахши хусусӣ оид ба масоили пешбурд ва рушди иқтисоли рақамӣ машғул хоҳад шуд.

Баргузори таҳқиқот ва таҳлил оид ба масоили иқтисоди рақамӣ, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, рушди зерсохтори рақамӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва ҷорисозии технологияҳои муосир аз вазифаҳои муҳими Шӯро дониста мешаванд.

Қаблан дар Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 тасдиқ шуд. Ғайр аз ин солҳои 2025-2030 дар кишвар Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва ва инноватсияҳо эълон шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият дар бозор давоми пас аз супориши раисҷумҳур муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.