Пас аз гузоришҳои расонаҳо дар бораи ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ ба минтақаҳое дар Кувайту Баҳрайн, Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки ба пойгоҳҳои Амрико ҳамла кардааст. Артиши Амрико ҳам муддаии раҳгирии мушаку паҳподҳои Эрон шуда, гуфт, ки ба ҳадафҳое дар ҷазираи Қишми ин кишвар зарба задааст.
Сипоҳи посдорони Эрон субҳи имрӯз дар изҳороте гуфт, шаби гузашта Амрико ба як нафткаши Эрон дар ҳудуди тангаи Ҳурмуз ҳамла кард, ки утоқи муҳаррики ин киштӣ осеб дид. Ин ниҳоди низомии Эрон гуфтааст, ки дар посух ба нақзи муқаррароти тангаи Ҳурмуз, киштии “Паная”-и амрикоиву исроилиро ҳадаф қарор додааст.
Сипоҳ дар идома зикр кардааст, ки нерӯҳои амрикоӣ як бурҷи мухобиротии Сипоҳи посдорон дар ҷануби ҷазираи Қишми Эронро ҳадаф қарор доданд, ки “дар посух ба ин таҷовуз, пойгоҳи ҳавоӣ ва болградии онон, ки дар яке аз кишварҳои минтақа ҷойгир аст, инчунин маркази Новгони панҷуми дарёии Амрико (дар Баҳрайн) мавриди таҳоҷуми мушакӣ ва паҳподии Нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон қарор гирифтанд”.

Соате пас аз ин, Фармондеҳии марказии артиши Амрико дар Ховари Миёна (СЕНТКОМ) дар баёнияе эълон кард, ки Эрон “ба сӯйи ҳамсоягони минтақа чанд мушаки баллистикӣ партоб кард, аммо ҳеҷ яке аз онҳо ба ҳадафҳои пешбинишуда нарасиданд: дутои он пеш аз расидан суқут карданд ва се мушаки дигар раҳгирӣ шуданд”.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои эронӣ муддаии ҳадди ақал се таркиш дар Кувайт ва аз кор афтодани як сомонаи дифоии “Патриот”-и Амрико шудаанд.
Сентком, ҳамчунин, гуфтааст, ки “се паҳподи интиҳориро, ки аз ҷониби Эрон ба сӯйи киштиҳои ғайринизомии дар ҳоли убур аз обҳои минтақа партоб шуда буданд, сарнагун” кардааст.
Ин ниҳод афзудааст, ки нерӯҳои амрикоӣ “дар дифоъ аз худ, ҳамлаҳое ба як истгоҳи назорати заминии низомии Эронро дар ҷазираи Қишм анҷом доданд”.
Ба қавли артиши Амрико, дар ин задухӯрдҳо ягон сарбози амрикоӣ осеб надидааст.
Дар ҳамин ҳол, Кувайт ва Баҳрайн ҳам субҳи имрӯз аз ҳамлаҳои мушакиву паҳподӣ ба қаламравашон хабар дода, гуфта буданд, ки дар ҳоли муқобилият бо ин таҳдидҳо ҳастанд.

Дар посух ба ин, Сипоҳи посдорони Эрон эълон кард, ки киштии тиҷоррии “MSC Sariska”-ро, ки мутаалик ба Амрикову Исроил донист, дар ҷануби бандари Умм-ул-Қасри Ироқро ҳадаф қарор додааст. Ин ниҳод бадан навори бархӯрди шиллики худ ба ин киштиро нашр кард.
Эрон ва Амрико ҳоло дар вазъияти оташбас қарор доранд ва ҳафтаҳо боз барои хатми ҷанге, ки Иёлоти Муттаҳида ва Исроил онро оғоз карданд, музокира мекунанд, аммо дар ин муддат даргириҳои пароканда миёни ҷонибҳо идома доштааст.
Ҷанг дар Эрон, ки бо ҳамлаи Амрикову Исриол дар 28-уми феврал оғоз шуда, бо посухи Теҳрон ба Исроил ва мавзеъҳои Иёлоти Муттаҳида дар кишварҳои арабӣ идома кард, боиси кушта шудани ҳазорҳо нафар, асосан дар Эрон ва Лубнон гардид.
Ин низоъ сабаби баста шудани тангаи Ҳурмуз ҳам шуд, ки ҳоло бӯҳрони бузурги энерҷиро дар ҷаҳон ба вуҷуд овардааст.
Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.








