Душанбе. 4-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Коҳиши қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари амрикоӣ идома дорад. Имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 1 доллари амрикоӣ ба 4 сомонӣ баробар шудааст. Дар бонкҳои кишвар аз шарҳи чунин вазъ алҳол худдорӣ менамоянд.
Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Пӯлод Насимов мегӯяд, ки қурби асъори миллӣ то он замоне, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бахши иқтисодиро мавриди таҳлил қарор надиҳаду ҷиҳати устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ чораҳои муассир наандешад, поин хоҳад рафт. «Айни замон захираҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон хеле коҳиш ёфта, ба воридшавии маблағҳо ниёз доранд ва Тоҷикистонро барои нигаҳдории коҳиши қурби сомонӣ зарур аст ба ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ муроҷиат намояд», – изҳор дошт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, сарчашмаи асосии даромади асъори хориҷии ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд ва чун онҳо феълан дар Русия аз ҷойҳои корӣ маҳрум мегарданд, мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, бевосита бо ҳокимони вилоятҳои Русия дар ин хусус гуфтушунид доир созанд, зеро дар минтақаҳои Русия эҳтиёҷ ба мутахассисони бахши сохтмон ҳанӯз зиёд аст.
«Гузашта аз ин, имрӯз метавон бо давлатҳои Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба қабули муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба мувофиқа расид, чунки дар бахши сохтмони ин давлатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҳиндустон, Бангладеш ва Непал машғули коранд ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз қобилияти корӣ дар соҳаи сохтмон бархӯрдоранд, метавонанд муваффақона дар он ҷо ба фаъолият фаро гирифта шаванд», – афзуд П.Насимов.


