Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои калидии ВКД ҶТ

Душанбе. 5-уми август 2009. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ, полковники милиса Маҳмадсаид Саидов сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ таъин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон […]

Наргис Ҳамробоева

Душанбе. 5-уми август 2009. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти қудратӣ иттилоъ доданд, тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ, полковники милиса Маҳмадсаид Саидов сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ таъин шуд. Ӯ қаблан ба ҳайси сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ва роҳбари шӯъбаи ҷумҳуриявии бақайдгирӣ ва имтиҳонот ифои вазифа менамуд. Собиқ сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ Хӯҷамурод Холов аз мансб сабукдӯш гардида, айни замон дар ихтиёри раёсати шӯъбаи кадрҳо қарор дорад.

Подполковники милиса Абдураҳмон Бузмаков, ки моҳи феврали соли ҷорӣ ба вазифаи сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ таъин гардида буд, акнун Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро роҳбарӣ хоҳад кард. Ба дӯши полковники милиса Нурулло Орифов вазифаи сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноӣ вогузор гардид.

Ғайр аз ин, полковники милиса Анвар Тағоймуродов сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил таъин гардид. Айни замон шахсони тоза ба мансаб таъингардида ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ мегарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.