Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда ба Шарм-ул-Шайх рафт

Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда ба шаҳри Шармул-ул-Шайхи Миср рафт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлатро дар ин сафар вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда ба шаҳри Шармул-ул-Шайхи Миср рафт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвари давлатро дар ин сафар вазири умури хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба масоили байнулмилалӣ Эркин Раҳматуллоев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. «Дар чаҳорчӯбаи ширкат дар кори нишаст сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарони як қатор ҳайатҳои давлатҳо – иштирокчиёни нишаст дидору гуфтушунид анҷом хоҳад дод», – афзуданд дар хадамоти матбуоти сарвари давлат.




 

Ҷунбиши адами тааҳҳуд ё Ҳаракати кишварҳои ҳамроҳнашуда соли 1955 таъсис ёфтааст. Феълан 118 кишвар узви он буда, 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ин ҷунбиш мақоми нозирро доранд.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.