Дар Алмаато кори семинари бахшида ба мавзӯи ҳамгиройии экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид

            Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Алмаато кори семинари бахшида ба мавзӯи ҳамгиройии экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид. Ҳадаф аз баргузории семинар – баррасии роҳҳои пурсамари дохил кардани ҷанбаҳои экологӣ дар амалисозии барномаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушд аст.             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Амрита Қарғизова



           

Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар шаҳри Алмаато кори семинари бахшида ба мавзӯи ҳамгиройии экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид. Ҳадаф аз баргузории семинар – баррасии роҳҳои пурсамари дохил кардани ҷанбаҳои экологӣ дар амалисозии барномаҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ ва рушд аст.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Комиссияи Аврупо дар ҶТ иттилоъ доданд, дар кори семинари мазкур кормандони намояндагиҳои Комиссияи Аврупо дар кишварҳои минтақа ва созмонҳои миллии шарики Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. «Иштирокдорони семинар масоили дурнамои ҳамгиройии экологӣ дар минтақа, тарзҳои муайян ва бартараф сохтани оқибатҳои ногувори имконпазири таъсир ба муҳити зист зимни амалисозии барномаҳо ва истифодаи имконоти беҳбуди вазъи экологиро муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд», – гуфт манбаъ.

 





           

Бино ба иттилои манбаъ, миёни тарзҳои мушаххас, ки ба коршиносон пешниҳод гардид, Гузориши таъсир ба муҳити зист ва Баҳогузории стратегии муҳити зист пешкаш шуд. «Тарзҳои мазкур махсусан барои муайян сохтани таъсири оқибатҳои ногувори имконпазир ба вазъи экологӣ ва андешидани чораҳои пешгирии он таҳия шудаанд», – афзуд сарчашма.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.