Асири охирини тоҷик аз зиндони Гуантанамо ба ватан баргаштанӣ нест

Душанбе. 8-уми июл – Охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамо намехоҳад, ба ватанаш интиқол дода шавад. Дар ҳоле ки ҳукумати президент Обама мехоҳад, боздоштгоҳи Гуантанаморо холӣ кунад ва бибанданд, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар ин маҳбас боқӣ бимонад ва ба Тоҷикистон фиристода нашавад. Умар Абдуллоев яке аз аввалин маҳбусони Гуантанамо мебошад ва мегӯяд, […]

root



Душанбе. 8-уми июл – Охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамо намехоҳад, ба ватанаш интиқол дода шавад.






Дар ҳоле ки ҳукумати президент Обама мехоҳад, боздоштгоҳи Гуантанаморо холӣ кунад ва бибанданд, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар ин маҳбас боқӣ бимонад ва ба Тоҷикистон фиристода нашавад.





Умар Абдуллоев яке аз аввалин маҳбусони Гуантанамо мебошад ва мегӯяд, омодааст, боз ҳафт соли дигар дар ин боздоштгоҳ бимонад, аммо ба Тоҷикистон барнагардад.





Вакили ҳуқуқии Умар, Метю Оҳара мегӯяд, Абдуллоев низ монанди дигар маҳбусон иштибоҳан боздошт шудааст, аммо ба тарҳи ҳукумати президент Обама, ки мехоҳад, маҳбусонро ба ватанашон баргардонад, мухолиф аст.





Абдуллоев дар синни 13-солагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ дар ватанаш ба Афғонистон фирор кард ва дар ин ҷо аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт шудааст.





Вай охирин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи Гуантанамост. 11 нафари дигар, ки ин ҷо буданд, ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд ва чанде аз онҳо дар ватанашон барои мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум гаштанд. Бархи дигар аз онҳо такроран Тоҷикистонро тарк кардаанд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.