Ҳамкорони собиқ роҳбари КВДҲ «Тоҷик Эйр» овозаҳои ҷойдошта нисбат ба Ҳокимшо Тиллоевро рад месозанд

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳамкорони собиқ роҳбари КВДҲ «Тоҷик Эйр» овозаҳои ҷойдошта нисбат ба Ҳокимшо Тиллоевро беасос мехонанд. Онҳо мегӯянд, ҳангоме ки Ҳокимшо Тиллоев вазифаи роҳбарии ширкатро қабул кард, қарзҳои ширкат дар назди корхонаву ташкилотҳои гуногун беш аз 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод ва зимни фаъолияти ӯ аз моҳи январи соли 2006 […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳамкорони собиқ роҳбари КВДҲ «Тоҷик Эйр» овозаҳои ҷойдошта нисбат ба Ҳокимшо Тиллоевро беасос мехонанд.




Онҳо мегӯянд, ҳангоме ки Ҳокимшо Тиллоев вазифаи роҳбарии ширкатро қабул кард, қарзҳои ширкат дар назди корхонаву ташкилотҳои гуногун беш аз 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медод ва зимни фаъолияти ӯ аз моҳи январи соли 2006 то ноябри соли 2008 ширкат пурра қарзҳояшро пардохт намуда, соли 2006 – 19 млн. сомонӣ ва соли 2007 – зиёда аз 52 млн. сомонӣ фоида ба даст оварда, музди меҳнати коргарон 2-4 маротиба зиёдтар шудааст. Дар давраи роҳбарии Ҳ.Тиллоев Тоҷикистон бори нахуст ҳавопаймоҳои навъи «Боинг» харидорӣ намуда, зерсохтори фурудгоҳ тармиму таҷдид гардид. Ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи нерӯҳои низомии фаронсавии мустақар дар фурудгоҳ майдони нишасту парвоз, терминали қабули мусофирон аз таъмир бароварда шуданд



Ба қавли ҳамкорони Ҳ.Тиллоев, ӯ зимни иҷрои вазифа бо фиребгарону қаллобон сарукор надошт ва маҳз барои он ӯро тӯҳмат кардаанд. «Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ҳ.Тиллоев на барои фаъолияташ дар мансаби роҳбари ширкат, балки аз рӯи аризаи шаҳрванд Бурҳониддин Толибов – роҳбари ҶСК «Зелёний билет» боз шудааст ва мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки ин шахс нисбат ба Ҳ.Тиллоев хусумати шахсӣ дорад», – гуфтанд онҳо.



Ҳамкорони собиқи Ҳ.Тиллоев ҳамчунин гуфтанд, рӯзҳои наздик мақомоти дахлдор бепоя будани гуноҳҳои ба ӯ нисбатдодашударо собит хоҳанд кард. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бо худи Ҳ.Тиллоев дар тамос шуд, вале ӯ аз шарҳи овозаҳои нисбат ба худаш ҷойдошта худдорӣ намуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...