Парлумони Тоҷикистон ба таътили тобистона мебарояд

Date:


Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар давраи кори иҷлосияи панҷуми МН МО ҶТ, даъвати саввум, ки қариб як сол идома ёфт, дар назди намояндагони мардумӣ ҳисобот хоҳад дод.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти МН МО ҶТ иттилоъ доданд, намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ то 1-уми октябри соли ҷорӣ ба рухсатии тобистона мераванд. «Дар ин муддат онҳо бо интихобкунандагони худ мулоқот ороста, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои кишвар аз наздик ошно хоҳанд гашт», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, пас аз таътил нмояндагони мардумӣ то оғози соли нав иҷлосияи охиринро баргузор намуда, моҳи феврали соли 2010 маъракаи интихоботи вакилони нав ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ доир мегардад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...