Дар Маскав намояндаи Тоҷикистон ғолиби озмуни байнулмилалии қироати Қуръон шуд

Date:



           

Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар озмуни байнулмилалии қироати Қурон, ки чанде пештар дар шаҳри Маскав доир гардид, намояндаи Тоҷикистон ғолиби озмун дониста шуд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои муфтиёти ҶТ иттилоъ доданд, намояндаи Тоҷикистон – Сиратулло Рауфов дар бахши «Қироати азёди Қуръон» сазовори мақоми аввал шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, мақоми дуввумро намояндаи Марокаш ва саввумро намояндаи Мавритания соҳиб гаштаанд. «Дар озмун намояндагони беш аз 30 кишвар ширкат варзиданд», – гуфт манбаъ.



Зикр гардид, ки роҳбари Шӯрои муфтиёти Русия Равил Гайнуддин ғолибонро табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун миннатдорӣ баён кардааст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...