Таъини сафирони нави Амрико дар Тоҷикистону Гурҷистон

            Душанбе. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 19-уми июн президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама сафирони нави ИМА дар Тоҷикистну Гурҷистонро таъин кард. Б.Обама изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА баҳри таҳкими муносибот бо ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.             Тибқи маълумоти интишорнамудаи ҳукумати Амрико, Кеннет Гросс сафари ИМА дар Тоҷикистон ва Ҷон Басс […]

Азия-Плюс - ИТАР-ТАСС



           

Душанбе. 20-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 19-уми июн президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама сафирони нави ИМА дар Тоҷикистну Гурҷистонро таъин кард. Б.Обама изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА баҳри таҳкими муносибот бо ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.





           

Тибқи маълумоти интишорнамудаи ҳукумати Амрико, Кеннет Гросс сафари ИМА дар Тоҷикистон ва Ҷон Басс сафири ИМА дар Гурҷистон таъин карда шуданд.




           

Кеннет Гросс қаблан ба ҳайси муовини намояндагии ИМА дар шаҳри Душанбе, корманди намояндагии минтақавии ИМА дар Ироқ, намояндагиҳои дипломатии Амрико дар Куала-Лумпур (Малайзия) ва Франкфурти Майн (Олмон) ифои вазифа намудааст. Зимни фаъолият дар шаҳри Вашингтон К.Гросс ба гурӯҳи Ташаббуси шарикӣ дар минтақаи Шарқи Наздик роҳбарӣ мекард.




           

Номзадии сафиронро бояд Сенати Конгесси ИМА тасдиқ намояд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.