Хизматчии низомии Гвардияи миллии Тоҷикистон аз таркиши мина ҷароҳат бардошт

Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ зимни безараргардонии мавзеи Дашти Бибироғи деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз аз таркиши мина хизматчии низомии Гвардияи миллии Тоҷикистон, прапоршики 25-сола Муҳаммад Ёраҳмадов ҷароҳат бардошт. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази масоили минаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, М.Ёраҳмадов таъҷилан ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ мунтақил […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ зимни безараргардонии мавзеи Дашти Бибироғи деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз аз таркиши мина хизматчии низомии Гвардияи миллии Тоҷикистон, прапоршики 25-сола Муҳаммад Ёраҳмадов ҷароҳат бардошт.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази масоили минаи Тоҷикистон иттилоъ доданд, М.Ёраҳмадов таъҷилан ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ мунтақил гардида, айни замон таҳти назорати духтурон қарор дорад ва муолиҷа мешавад. «Бо гирифтани хабари мазкур комиссияи тафтишотии Маркази масоили минаи Тоҷикистон дарҳол ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд», – гуфт манбаъ.

 




Бино ба иттилои сарчашма, дар мавзеи Дашти Бибироғ аз ҷониби сарбозони воҳиди ҳаффорӣ (сапёрон) майдони 85 ҳазору


521 гектар

санҷида шуда, 127 мина ва муҳимоти натаркида безарар гардонида шуданд. «Соли ҷорӣ аз мина ва муҳимоти дигари натаркида 6 шаҳрванди Тоҷикистон зарар дида, панҷ нафар захмӣ ва 1 нафар ҳалок шуд», – афзуданд дар марказ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.