Бинобар қарзи зиёд ба буҷа амалиёти минбаъда дар суратҳисоби муассисаи нақлиётии тозагии санитарии шаҳри Хуҷанд манъ карда шуд

Хуҷанд. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар қарзи зиёд ба буҷа Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд амалиёти минбаъда дар суратҳисоби муассисаи нақлиётии тозагии санитарии шаҳри Хуҷандро манъ кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додрас Абдуқаҳҳор Сатторов иттилоъ дод, аризаи даъвогӣ бобати рӯёнидани қарз аз ин муассиса ба маблағи беш аз 325 ҳазору 503 сомонӣ аз […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бинобар қарзи зиёд ба буҷа Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд амалиёти минбаъда дар суратҳисоби муассисаи нақлиётии тозагии санитарии шаҳри Хуҷандро манъ кард.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» додрас Абдуқаҳҳор Сатторов иттилоъ дод, аризаи даъвогӣ бобати рӯёнидани қарз аз ин муассиса ба маблағи беш аз 325 ҳазору 503 сомонӣ аз ҷониби мақомоти нозироти андози шаҳри Хуҷанд ворид шуда, онҳо гуфтаанд, борҳо ҷиҳати пардохти маблағи андоз роҳбарони муассисаро огоҳ сохтанд. «Агар дар муддати 60 рӯз қарзҳои буҷа пардохта нашаванд, амволи корхона қисман ба ҳабс гирифта хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ ҷаобгар ба додгоҳ изҳор доштааст, ки 30 адад нақлиёти муассиса ҳамарӯза ба хизматрасонӣ машғул аст, вале ба иллати напардохтани маблағи хизматрасонӣ аз ҷониби корхонаву муассисот ва аҳолӣ, онҳо имкон надоранд, ки маблағи қарзҳои буҷаро пардохт намоянд. «То 1-уми майи соли ҷорӣ қарзи аҳоливу корхонаҳо дар назди муассиса 1 млн. 190 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 920 ҳазор сомонии он қарзи аҳолӣ мебошад», – афзудаанд дар муассисаи нақлиётӣ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.