Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳкории Урал сазовор мегардад

            Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни сафар ба шаҳри Екатеринбург ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 15-16-уми июн сурат мегирад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳкории Урал сазовор мегардад. Дар ин бора хабаргузории «РусБизнесНюс» иттилоъ медиҳад.             Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ, сарвари […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни сафар ба шаҳри Екатеринбург ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 15-16-уми июн сурат мегирад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии кӯҳкории Урал сазовор мегардад. Дар ин бора хабаргузории «РусБизнесНюс» иттилоъ медиҳад.





           

Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ, сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бо сарулибоси махсуси донишгоҳ бо се ситораи генералӣ хоҳад баргашт.




           

Рӯзи 15-уми июн Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии кӯҳкории Урал ташриф оварда, бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот хоҳад кард. Айни замон дар макотиби олии шаҳри Екатеринбург зиёда аз 50 нафар намояндагони Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.




           

Мувофиқи маълумоти коршиносон, феълан дар вилояти Свердловски Русия ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, 45 ҳазори онҳо дар шаҳри Екатеринбург мебошанд. Шаҳрвандони тоҷик асосан дар соҳаи сохтмону тиҷорат машғули коранд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.