Шерхон Салимзода аз мансаб сабукдӯш гардид

Date:



           

Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, Шерхон Салимзода аз мансаби Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардида, ба вазифаи мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони кишвар таъин карда шуд.





           

Ёдрас мекунем, ки қаблан ин мансабро Зариф Ализода, ки чанде пеш ба вазифаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон таъин гардид, ишғол мекард.




           

Ҳамчунин бо фармони президент Рустам Менглиев муовини аввали роҳбари Дастгоҳи сарвари давлат, Раҳимов Маҳмад директори Маркази миллии қонунгузории

 

назди Президенти

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон


ва Саидов Фаттоҳ


д


иректори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

таъин карда шуданд.




           

Тибқи иттиои расида ба ОИ «Азия-Плюс», мувофиқи фармони вазири умури дохилии ҶТ, Шералӣ Сабзов сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъин гардидааст.




           

Ғайр аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод гаштаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.



Аз ҷумла генерал-лейтенанти милиса Шералӣ Сабзов барои таъин шудан ба вазифаи Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва 6 нафар ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва шуъбаи корҳои дохилӣ дар истгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод шудаанд.



Президенти мамлакат зимни сӯҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва вобаста ба маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва ҷасорату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ ҳидоят намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...