Шерхон Салимзода аз мансаб сабукдӯш гардид

            Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, Шерхон Салимзода аз мансаби Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардида, ба вазифаи мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони кишвар таъин карда шуд.             Ёдрас мекунем, ки қаблан ин мансабро Зариф […]

root



           

Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тибқи фармони президенти Тоҷикистон, Шерхон Салимзода аз мансаби Раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод гардида, ба вазифаи мушовири давлатии президент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи сарвари давлат дар ҳарду палатаи парлумони кишвар таъин карда шуд.





           

Ёдрас мекунем, ки қаблан ин мансабро Зариф Ализода, ки чанде пеш ба вазифаи Ваколатдори ҳуқуқи инсон таъин гардид, ишғол мекард.




           

Ҳамчунин бо фармони президент Рустам Менглиев муовини аввали роҳбари Дастгоҳи сарвари давлат, Раҳимов Маҳмад директори Маркази миллии қонунгузории

 

назди Президенти

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон


ва Саидов Фаттоҳ


д


иректори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

таъин карда шуданд.




           

Тибқи иттиои расида ба ОИ «Азия-Плюс», мувофиқи фармони вазири умури дохилии ҶТ, Шералӣ Сабзов сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъин гардидааст.




           

Ғайр аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони воломақоми мақомоти корҳои дохилиро, ки барои таъин шудан ба вазифаҳои пурмасъулият пешниҳод гаштаанд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.



Аз ҷумла генерал-лейтенанти милиса Шералӣ Сабзов барои таъин шудан ба вазифаи Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва 6 нафар ба вазифаҳои сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ва шуъбаи корҳои дохилӣ дар истгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳод шудаанд.



Президенти мамлакат зимни сӯҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва вобаста ба маводи мухаддир ёдовар шуда, онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ва ҷасорату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ ҳидоят намуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.