UNODC барои сохтмони се ҳуҷраи кории иловагӣ ба Раёсати назорати маводи нашъаовори Суғд 46 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард

Date:


Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои сохтмони се ҳуҷраи кории иловагӣ ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд 46 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз раёсати мазкур иттилоъ доданд, ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси агентӣ дар қасри «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Зимни суханронӣ раиси вилоят изҳор дошт, ки дар зарфи 10 соли фаъолият аз ҷониби кормандони раёсат ва тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 3 ҳазору 674 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, беш аз 6,5 ҳазор тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.



Барои хизмати арзанда дар кори мубориза бо маводи мухаддир 45 нафар кормандони раёсат бо медалҳои ҷашнии «10-солагии АНМН ҶТ» сарфароз гардонида шуда, ба се нафар тӯҳфаҳои Идораи СММ ва панҷ нафар корманд тӯҳфаҳои Президенти Тоҷикистон супурда шуданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...