UNODC барои сохтмони се ҳуҷраи кории иловагӣ ба Раёсати назорати маводи нашъаовори Суғд 46 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард

Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои сохтмони се ҳуҷраи кории иловагӣ ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд 46 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз раёсати мазкур иттилоъ доданд, ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои сохтмони се ҳуҷраи кории иловагӣ ба Раёсати Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд 46 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.




Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз раёсати мазкур иттилоъ доданд, ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси агентӣ дар қасри «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилоят Қоҳир Расулзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Зимни суханронӣ раиси вилоят изҳор дошт, ки дар зарфи 10 соли фаъолият аз ҷониби кормандони раёсат ва тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 3 ҳазору 674 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, беш аз 6,5 ҳазор тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст.



Барои хизмати арзанда дар кори мубориза бо маводи мухаддир 45 нафар кормандони раёсат бо медалҳои ҷашнии «10-солагии АНМН ҶТ» сарфароз гардонида шуда, ба се нафар тӯҳфаҳои Идораи СММ ва панҷ нафар корманд тӯҳфаҳои Президенти Тоҷикистон супурда шуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.