Дар Қоҳира донишҷӯёни тоҷики макотиби олии Миср мавриди боздошти пулис қарор гирифтанд

spot_imgspot_img

Дата:



 


          

Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Хадамоти махсуси Ҷумҳурии арабии Миср наздики 200 нафар донишҷӯ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ғарбиро, ки дар муассисаҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд, боздошт кардаанд. Миёни дастгиршудагон 15 нафар донишҷӯи тоҷик низ будааст. Дар ин бора чанд дақиқа пеш дар як сӯҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Коҳира корманди сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии арабии Миср – Муҳаммадамин Шарифов хабар дод.





 

«Пулиси шаҳри Қоҳира иброз доштааст, ки мақсади боздошти донишҷӯёни хориҷӣ, ки аксарияташон дар Донишгоҳи исломии Ал-Азҳар таҳсил мекунанд, тафтиши санадҳои марбут ба қонунӣ будани буду боши онҳо дар ҳудуди Миср мебошад», – гуфт Шарифов ва афзуд, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср барои раҳо кардани донишҷӯёни мо ҳамаи тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст.



Шарифов гуфт, ки рӯзи гузашта сафорати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии арабии Миср ҷиҳати шарҳ додани вазъи ба амаломада ва ошкор намудани маҳали нигаҳдоришавии донишҷӯён Ёддошт фиристодааст. То ин вақт муайян гардидааст, ки 9 тан аз донишҷӯёни тоҷик раҳо карда шудаанд. 6 нафар шаҳрвандони мо, ба гуфтаи корманди сафорати Тоҷикистон дар Миср,

 

бояд имрӯз то пагоҳ озод шаванд.



Мавриди зикр аст, боздошти оммавии донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Қоҳира шаби 26-ум ба 27-уми май дар ноҳияи Мадинат-Насри пойтахти Миср сурат гирифт.


Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...