Дар Қоҳира донишҷӯёни тоҷики макотиби олии Миср мавриди боздошти пулис қарор гирифтанд

             Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Хадамоти махсуси Ҷумҳурии арабии Миср наздики 200 нафар донишҷӯ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ғарбиро, ки дар муассисаҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд, боздошт кардаанд. Миёни дастгиршудагон 15 нафар донишҷӯи тоҷик низ будааст. Дар ин бора чанд дақиқа пеш дар як сӯҳбати […]

Шавкат Раҳматулллоев



 


          

Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» – Хадамоти махсуси Ҷумҳурии арабии Миср наздики 200 нафар донишҷӯ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ғарбиро, ки дар муассисаҳои олии ин кишвар таҳсил мекунанд, боздошт кардаанд. Миёни дастгиршудагон 15 нафар донишҷӯи тоҷик низ будааст. Дар ин бора чанд дақиқа пеш дар як сӯҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» аз шаҳри Коҳира корманди сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии арабии Миср – Муҳаммадамин Шарифов хабар дод.





 

«Пулиси шаҳри Қоҳира иброз доштааст, ки мақсади боздошти донишҷӯёни хориҷӣ, ки аксарияташон дар Донишгоҳи исломии Ал-Азҳар таҳсил мекунанд, тафтиши санадҳои марбут ба қонунӣ будани буду боши онҳо дар ҳудуди Миср мебошад», – гуфт Шарифов ва афзуд, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Миср барои раҳо кардани донишҷӯёни мо ҳамаи тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст.



Шарифов гуфт, ки рӯзи гузашта сафорати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии арабии Миср ҷиҳати шарҳ додани вазъи ба амаломада ва ошкор намудани маҳали нигаҳдоришавии донишҷӯён Ёддошт фиристодааст. То ин вақт муайян гардидааст, ки 9 тан аз донишҷӯёни тоҷик раҳо карда шудаанд. 6 нафар шаҳрвандони мо, ба гуфтаи корманди сафорати Тоҷикистон дар Миср,

 

бояд имрӯз то пагоҳ озод шаванд.



Мавриди зикр аст, боздошти оммавии донишҷӯёни хориҷӣ дар шаҳри Қоҳира шаби 26-ум ба 27-уми май дар ноҳияи Мадинат-Насри пойтахти Миср сурат гирифт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.