Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 17 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд

Date:



           

Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Шабонарӯзи гузашта кормандони милисаи ҷумҳурӣ аз панҷ ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, дар натиҷа ҳудуди 17 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.





           

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде пештар дар ноҳияи Панҷ шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадориф валади Ҳасанбой бо ҳудуди 11 кило афюн ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ сокини маҳаллӣ Сироҷиддин Назаров бо 4 кило бангдона боздошт шуданд. «Ҳамчунин дар ноҳияҳои Данғараву Ишкошим ва шаҳри Душанбе боз се нафари дигар боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори умумии 2 кило маводи мухаддири бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфт манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...