Сарфи назар аз беқурбшавии сомонӣ, алҳол арзиши маводи аввалияи ғизоӣ дар пойтахт бетағйир боқӣ мемонад

            Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз беқурбшавии сомонӣ, алҳол арзиши маводи авввалияи ғизоӣ дар пойтахт дар муқоиса бо моҳҳои авали соли ҷорӣ бетағйир боқӣ мемонад.             То ҳанӯз чун моҳи январ дар бозорҳои шаҳри Душанбе арзиши як кило гӯшт 17-18 сомонӣ, картошка – 1,4 сомонӣ, пиёз – 1,5 сомонӣ, сабзӣ – […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Сарфи назар аз беқурбшавии сомонӣ, алҳол арзиши маводи авввалияи ғизоӣ дар пойтахт дар муқоиса бо моҳҳои авали соли ҷорӣ бетағйир боқӣ мемонад.





           

То ҳанӯз чун моҳи январ дар бозорҳои шаҳри Душанбе арзиши як кило гӯшт 17-18 сомонӣ, картошка – 1,4 сомонӣ, пиёз – 1,5 сомонӣ, сабзӣ – 1 сомонӣ, макарон аз 3 то 8 сомонӣ, биринҷ – аз 6 то 10 сомонӣ ва як дона тухм 50-60 дирамро ташкил медиҳад.




           

Дар муқоиса бо аввали сол нархи равғани пахта ва шакар 1 сомонӣ афзуда, акнун мутаносибан ба 6 сомонӣ ва 3,5 сомонӣ баробар аст. Дар ин давра нархи орд ва равғани растанӣ поин рафта, агар дар оғози сол арзиши як халта орд ба 100 сомонӣ баробар буд, пас феълан онро метавон бо 90 сомонӣ дастрас намуд. Равғани растанӣ, ки дар оғози сол аз 8 то 11 сомонӣ барои як литр арзиш дошт, имрӯз 6-9 сомонӣ аст.




           

Дар ҳамин ҳол, беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА идома дошта, дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ он ба андозаи 23,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Агар дар аввали сол Бонки миллии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 3,40 сомонӣ пешниҳод мекард, пас имрӯз он ба 4,19 сомонӣ баробар шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.